Аҳли оила, хешу табор ва зану фарзандони Наҷмиддин Бобокалонов ва Файзиддин Холов имрӯз дар мотами ин ду мард, ки ҳар кадоме ба мисли шаҳсутуни хонадони худ буданд, бо қалби хунчакон зор-зор мегирянд.
Ин ду марди баркамол бехабар аз сарнавишти талхе, ки онҳоро интизор аст, бо пойи худ қадам ба сӯйи марг ниҳодаанд...
Ҷисми бе ҷони Наҷмиддин Бобокалонов ва Файзиддин Холовро бо азобҳои алим аз даруни мошине, ки ба дарёи Хонақоҳ сарозер рафта буд, берун оварданд. Тавре ки Вазорати корҳои дохилӣ хабар додааст, ҳодиса шоми 17-декабр, тахминан соатҳои 21:30 сар зада, ронандаи мошини «ВАЗ-2109» Бобокалонов Наджмиддин Хайриддинович, соли таваллудаш 1983, сокини шаҳри Ҳисор ҳангоми ҳаракат дар ҳудуди деҳаи Гачак аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, дар натиҷа мошин ба дарёи Хонақоҳ сарозер рафтааст. Бар асари ин фалокат худи ронанда Наҷмиддин Бобокалонов ва мусофири мошин Холов Файзиддин Саидович, соли таваллудаш 1982 ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.
Садамаи дигари маргбор рӯзи 18-, соатҳои 11:20 сар зада, мошини тамғаи “Опель-Зефира”-и Соатов Джамшед Ҳасанович, соли таваллудаш 1994, сокини шаҳри Панҷакент ҳангоми ҳаракат дар роҳи “Айнӣ-Пенджикент”дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Саразм ба мошини тамғаи “Хафей” таҳти идораи ронанда Муродов Бозорбой бархӯрдааст. Дар натиҷаи ин садамаи вазнин ронандаи «Хафей» ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар роҳ ба сӯйи бемористон ҷон бохтааст. Тафтишот аз рӯйи ин ҳодисаҳо идома дорад.