arzon replenishment
МОШИНХАР МОШИНФУРӮШРО "КИДАТ" КАРДУ...
1528


Мардеро пайдо кардан душвор аст, ки ҳаваси соҳиби мошини зебову мисли бод тездав гаштан надошта бошад, вале на ҳар кас имконияти харидани аспи оҳанинро дорад.

Бархе ба хотири ба орзуи худ расида, соҳиби мошин шудан ба Русия мардикорӣ мераванд, иддаи дигар аз бонк қарз гирифта мошин мехаранд ва баъдан оҳиста-оҳиста дар муддати ду-се сол қарзи худро бар мегардонанд, аммо баъзе мардони маккоре низ ҳастанд, ки мехоҳанд муфтакак соҳиби мошини қиматбаҳо гарданд. Вазорати умури дохилаи кишвар аз боздошти чунин як марди айёру фиребгар хабар додааст.

Ба шӯъбаи корҳои дохилӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе як марди 31-солаи сокини пойтахт муроҷиат намуда, арз кардааст, ки моҳи апрел як марди 42-сола мошини “Тойота-Камри”-и ӯро бо нархи 65-ҳазор сомонӣ савдо карда бурдааст. Тибқи ваъжда пули мошинро харидор бояд дар муддати кӯтоҳ меовард, вале аз байн се моҳ гузашта бошад ҳам, мошинхари беинсоф то ҳол маблағи ваъдагиро ба соҳиби мошин надодааст. Тафтишот аз рӯйи ин қазия идома дорад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД