Як мошини боркаш дар роҳи Душанбе-Хуҷанд ба ҷарӣ афтода, дар натиҷа ронандаи он ба ҳалокат расидааст.
Бахши КҲФ дар водии Зарафшон хабар додааст, ки садама рӯзи 4-уми декабр дар километри 117-уми шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд рух додааст. Ба гуфтаи манбаъ, ронандаи мошини тамғаи “Dulan” ҳангоми ҳаракат аз шаҳри Душанбе ба ноҳияи Айнӣ аз уҳдаи идораи мошин набаромада, ба чуқурии 100 метр сарозер шудааст.
Мақомот аз ронанда, ки дар пайи ин ҳодиса фавтидааст, Мулломурод Тоҷикбоев ном бурда, гуфтаанд, ки ӯ сокини деҳаи Дардари ноҳияи Айнӣ аст.
Ҷасади ронандаро наҷотдиҳандагон аз мошини боркаш, ки дар дохили дарё қарор доштааст, берун оварда, ба Беморхонаи марказии ноҳияи Айнӣ интиқол додаанд.