Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании кишвар аз садамаи як мошини боркаш дар шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ хабар дод.
Бино ба иттилои манбаъ, 18-уми феврали соли 2025, тахминан соати 08:30 дақиқа дар километри 130-юми шоҳроҳи Душанбе-Чаноқ, ҳудуди ноҳияи Айнӣ автомашинаи боркаши тамғаи DAF, рақами қайди давлатиаш tj 2169 МН 02, ки барои интиқоли гази моеъ пешбинӣ шудааст, ҳангоми аз самти шаҳри Хуҷанд ба самти шаҳри Душанбе ҳаракат карданаш чаппа шудааст.
Ин мошин аз ҷониби як сокини 31-солаи ҷамоати деҳоти Сарихосори ноҳияи Балҷувон идора мешудааст. Сабаби ҳодиса аз уҳдаи идораи мошин набаромадани ронанда гуфта шудааст.
Ҳодиса талафоти ҷонӣ надорад. Ба ҷойи ҳодиса наҷотдиҳандагони Дастаи махсуси зудамали наҷот дар водии Зарафшон ҳамроҳ бо кормандони Хадамоти оташнишонии ноҳияи Айнӣ барои бартараф намудани ҳолати рухдода сафарбар гардида, соати 21:20 дақиқа гази моеъи автомашинаро ба дигар автомашинаи боркаши холӣ гузаронидаанд. Мошинро бошад, бо истифода аз техникаи ширкати IRS рост кардаанд.