formula
МОШИН САРИ 6 ИНСОНРО ХӮРД
2551


Рӯзи 16-уми апрели соли 2021, тахминан соати 19:00, ронандаи автомашинаи тамғаи «Киа-Спортедж», Ҳотамов Азамад Расулҷонович, соли таваллудаш 1991, сокини шаҳри Турсунзода, ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Душанбе ба самти шаҳри Турсунзода, дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Мирзо Ризои шаҳри Ҳисор аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, пиёдагардон Саъдуллоева Гуландом Бобоҷоновна, соли таваллудаш 1976, сокини ҷамоати деҳоти Зайнабободи ноҳияи Рӯдакӣ ва ноболиғ Эшонов Фирдавс Қиёмиддинович, соли таваллудаш 2011, сокини ҳамон ҷоро пахш намудааст.

Дар натиҷаи ин садама зан ҷароҳати вазнинӣ ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расид, ноболиғ Эшонов Фирдавсро бошад, бо захмҳи зиёд ба беморхона бурданд. Садамаи дуюми маргбор дар ноҳияи Файзобод рӯй дода, ронандаи автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21099» Умаров Аюбҷон Абубакрович, соли таваллудаш 2003, сокини ҷамоати деҳоти Мискинобод ҳангоми ҳаракат аз самти шаҳри Роғун ба самти шаҳри Ваҳдат дар ҳудуди ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод, аз ӯҳдаи идора кардани воситаи нақлиёт набаромада, ба автомашинаи тамғаи «КАМАЗ-5320», ки таҳти идораи ронанда Гулмуҳаммадов Фозилҷон Ҳакимович, соли таваллудаш 1967, сокини ҷамоати деҳоти Нушори ноҳияи Тоҷикобод қарор дошта, дар канори роҳ беҳаракат истода буд, бархӯрдааст. Мусофирони автомашинаи тамғаи «ВАЗ-21099», Меликшоев Муҳаммадшоҳ Маҳмадшоевич, соли таваллудаш 2004, сокини ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи мазкур ва Суннатуллои Зикрулло, соли таваллудаш 2003, сокини шаҳри Душанбе бар асари ин садамаи хунин ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидаанд.

Ронандаи автомашинаи тамғаи “ВАЗ-21099” Умаров А.А. ва мусофири дигари автомашинаи мазкур, Умаров Зикрулло Саидшоевич, соли таваллудаш 1999, сокини шаҳри Душанбе бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ ба бемористон интиқол дода шуданд, вале табибн натавонистанд ҷони онҳро аҳ панҷаи марг наҷот бахшанд. Ронанда ва мусофир дар беморхона ба ҳалокат расидааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД