Formula novemver 2024
МОШИН АЗ БАЛАНДИ БА ҶАРӢ ФУРӮЪ РАФТУ....
1524

Санаи 10-уми марти соли равон, ронандаи автомашинаи тамғаи "Опел-Астра", Худойназаров Маҳмадюнус, сокини ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи Ховалинг ҳангоми ҳаракат дар роҳи автомобилгарди "Восеъ-Ховалинг", дар ҳудуди деҳаи Дороби ҷамоати деҳоти Ҷомбахт қоидаҳои ҳаракати роҳро дағалона вайрон намуда, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, ба нишебии 2-метр чаппа шудааст.

ВУД таъкид доштааст, ки дар натиҷа, мусофирони автомашинаи мазкур, Иброҳимова Гулдастаи 55 - сола ва Фароғати Қамариддини 26 - сола, сокинони ҷамоати деҳоти Лоҳутии ноҳияи мазкур, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидаанд.

Дар ҳамин ҳол ба иттилои ВУД-и Тоҷикистон худи ронанда Худойназаров Маҳмадюнус ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхонаи марказии ноҳия ба ҳалокат расидааст.

Манбаъ зикр кардааст, дар айни замон кормандони милитсия аз рӯи ҳодисаҳои мазкур таҳқиқотро идома доранд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД