Имрӯз яке аз чеҳраҳои шинохтаи фарҳанг ва санъати тоҷик, бонуи ширинсадову ширинадо, ҳунарманди маҳбуб- Моҳрухсор Сафиева ҷашни милод дорад.
60- сол қабл, маҳз дар ҳамин рӯзи фирӯз, санаи 5-уми апрели соли 1962 дар Водии Вахш духтараки хушчеҳраву сияҳмӯйе чашм ба олами ҳастӣ боз намуд, ки Офаридгор аз азал гули сари сабади маҳфилҳо гаштанро дар тақдираш бинвишта буд.
Падару модари хушбахт аз қудуми мубораки тифли навзод шод гашта, бо садҳо умеду орзуҳои ширин номаш ниҳоданд-Моҳрухсор. Моҳрухсор дар ҳақиқат рухсоре чун моҳу қалби зебопараст дошт ва ҳанӯз аз замони кӯдакӣ бо шавқу завқи зиёд рубоиву дубайтӣ месуруд. Ҳамин тавр меҳри санъат рӯз то рӯз дар қаблаш амиқтар маъво гирифта, шавқу завқаш нисбат ба суруду мусиқӣ баробари худи Моҳрухсор торафт бузургтар мешуд.
Билохира, ҳамин меҳр ӯро ба дунёи ҳунар овард ва Моҳрухсор Сафиева бо сурудани таронаҳои марғуби халқӣ дар дилу дидаи мардум маъво гирифта, гули сари сабади маҳфилҳо гашт.
Моҳрухсор Сафиева аз зумраи он ҳунармандони ангуштшуморест, ки ба равияи худ то охир содиқ мондааст. Аксари ҳампешагонаш барои аз “мӯд” нарафтан ва ба хотири тӯю маъракаҳо аз баҳри таронаҳои халқӣ гузашта, рӯ ба эстрада оварданд, аммо Моҳрухсор ба жанри сурудҳои халқӣ содиқ монда, танҳо суруду таронаҳои халқӣ месуруд. Ҳамин тавр бо талошҳои ин духтари некноми Ватан чандин таронаҳои халқӣ аз афтодан ба олами фаромӯшӣ наҷот ва умри дубора ёфтанд...
Моҳрухсор Сафиева умри пурбаракаташро ба рушду нумӯъи санъати тоҷик бахшида, соли 2014 аз ансамбли “Дарё”ба нафақа баромад ва имрӯз дар ҳалқаи фарзандону пайвандонаш давлати пирӣ меронад. Аҳли эҷоди сомонаи Оила. ТЧ ин ҳунарманди хушсалиқаро бо ҷашни зебои милод ва 60-и камолот сидқан муборакбод гуфта, ба Моҳрухсор Сафиеваумри дарози бобаракат, тани сиҳату хотири ҷамъ ва саодату хушрӯзиҳои зиндагиро таманно доранд!