Sebiston new 2024 october
Мори сафед Қисми 2
13.12.2022
ОИЛА
2255

-Биё, оштӣ шавем, - илтимос намуд Сайрам. - Туро ҳам фаҳмидан мумкин, охир, дар ин саҳрои беҳосил чӣ ҳам ёфта мехӯрӣ. На қурбоққа ҳасту на тухми мурғу паранда.

Фаро! Туро ба фарзандӣ қабул мекунам. Аз имрӯз номат Сафедак мешавад. Ба қатори фарзандонам ризқатро медиҳам. Фақат аз ту як илтимос, ки ба ману кӯдаконам зарар нарасон, - Сайрам калтакро дур партофт.

Мор беовоз хазида ба поён фаромад. Бе тарсу ҳарос. Ба зан миннатдорона нигариста, ба сӯрохӣ даромада рафт. Акнун Сайрам ҳар бегоҳӣ як коса ширро назди сурохӣ мегузошт. Саҳар косаро холӣ дармеёфт. Зан дигар аз мор ҳаросе надошт.

Аз байн ду ҳафта гузашт. Бегоҳӣ Зардакшон аз чарогоҳ наомад. Сайрам то як поси шаб даври талу теппаҳои наздик говро кофт, аммо аз вай на пай буду на ҳайдар. Бо дили озурда ва табъи хира ба хона баргашт. Ҳазору як савол дар сараш чарх мезад. Дузд бурда бошад? Не, ин ҳеҷ мумкин нест. То ҳол дар деҳа касе ба говдуздӣ ном набаровардааст. Туъмаи дарранда шуда бошад? Ин ҳам номумкин аст, охир дар гирду атроф гургу хирсро бо чароғ кобед ҳам намеёбед. Мардум бо дили пур гову молашро ҳар пагоҳӣ ба саҳро меронанд. Худро бо он тасаллӣ дод, ки кофтуковро рӯзи оянда идома медиҳад.

Пагоҳӣ бо гиряи бачаи Ёр бедор шуд.

-Шаб падарамро мор газид. Модарам шуморо ба ҷаноза ҷеғ мезанад.

-Эҳ, бечорае, - Сайрам зуд рӯймоли сафедро ба сар кашид ва аз пушти Мустафои гирён равон шуд.

Ҳавлии Ёр аз одам пур буд. Онҳо ҳодисаи шабонаро ба ҳар тарз шарҳ медоданд.

-Дар деҳаи мо аслан мор набуд,-хулоса мебаровард раиси маҳалла. - Ин хазанда аз куҷо пайдо шуда бошад?

Сайрам ба хонаи марҳум гузашт. Зани Ёр менолид.

-Шаб аз бозори Чорсада гов харида, дер ба хона омад ва зуд ба оғил дароварда, чорпоро кушт. О, ин гови ширдеҳ будааст, чаро куштӣ, гуфта, боз савол додам. Занак, гӯшташро пухта, қайла бикун,-гуфт. Бачаҳо зимистон мазза карда мехӯранд. Гушти говро майда карда, дар чалакҳо ҷо кард. Аллакай як поси шаб гузашта буд. Акнун ба ҷойхоб даромада, дароз мекашам гӯям, мардакам «маро мор газид» гӯён, фарёди ҷонкоҳ бароварда, аз ҷой парида хест ва чароғро дарҳол фурӯзон кард.Ҳарчанд хонаро тагурӯ кардем, хазандаро наёфтем. Пойи мардакро аз зону боло бо чилбур бастем. Дар деҳа табиб, ки нест, субҳи барвақт варам карда, бо азоб ҷон дод…

Сайрам ноайён ба оғил даромад. Пӯсту каллаи гови худашро шинохт. Хост, ки доду фарёд бардошта, мардумро аз кирдори зишти марҳум огоҳ намояд, аммо…

Рӯ ҷониби талу теппаҳо овард ва рӯи теппае худро парӯ партофта, домони гиряро сар дод. Талх буд гиряи зан. Дасту бозӯ, тамоми баданаш меларзид. Навҳаи дилашро нигоҳ дошта натавонист.

-Шавҳарам аз дунё гузашт. Говамро дуздиданд. Эй, фалаки каҷрафтор, ду кӯдакамро чӣ тавр мехӯронаму мепӯшонам. Ин чӣ қисмати талху ин чӣ тақдири бад?

Ба китфаш расидани чизеро ҳис карда, бо азоб гардан тофт. Дар бараш мори сафед бо чашмони маҳзун меистод. Сафедак бо сараш тарафи шарқро нишон дод.

-Аз қафоят равам?

Мор ҷониби офтоббаро равон шуду Сайрам аз қафои хазанда рафт. Чанд талу теппаро гузаштанд. Болои теппачае мор истод. Бо думаш давра кашид ва бо сараш болои хок ишора намуд.

-Ҳамин ҷоро канам? - Сайрам бо даст давраро нишон дод. - Ту дар ҳамин ҷо маро интизор бош,-Сайрам аз ҷой хест. -Ман рафта, бел меорам.

Мор болои давра ҳалқа зад. Сайрам андешаманд ҷониби манзилаш равон гашт. Ба худ савол медод, ки чаро мор мехоҳад, маҳз ҳамин ҷоро кобам. Эҳтимол хазинае он ҷо пинҳон бошад?

Баъди чанд бел хокро ба як тараф партофтан бастаи селофание баромад. Зуд онро кушода, пулҳои сабзи ҳалқапечро дид, ки бо ресмон печонида буданд. Зан аз ҳайрат дар ҷояш нишаст ва ҳаросон ба атроф чашм давонд.

-Ин сарват ба соҳибаш насиб накардааст, магар ба ман насиб мекунад, -андешид вай ва бастаро ба ҷояш гузошт.

Мор хазида бастаро бардошта, ба сӯи зан дароз кард. Бо думаш ишора кард, ки лӯларо кушояд. Сайрам риштаро канд. Пулҳо ба замин рехтанд ва аз байни онҳо поракоғазе баромад. Кушода чашм ба он давонда, ин ҷумларо хонд:

-Касе агар ин маблағро ёбад, насибаш кунад. Поку пиҳил бахшидам. Барои охирати Муроди ятим як каф дуо кунад.

 

Сайрам пулҳоро чида, ба кафи даст гирифт ва барои Муроди номурод бо алам гирист. Вай баръало ҳис намуд, ки ҷавон бо чӣ қадар азоб пул ба даст оварда будааст. Дар ҳаққи ҷавон дуо хонда, ба Сафедак нигарист. Мор хазида болои дасти зан баромад. Сайрам ашки чашмонашро пок карда, бо меҳр аз фукчаи сардаш бӯсид.

-Акнун ман бо ин маблағ гови зард мехарам. Гирди ҳавлиямро девор бардошта, дарвозаи оҳанин мешинонам. Хатнасури фарзандонамро бо хурсандӣ мегузаронам…

Давом дорад

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД