Arzon march 2024
Момодоя ва модаршавии бехавф
07.05.2024
ОИЛА.ТҶ
695

 

Дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бахшида ба 10-солагии таъсисёбии Ташкилоти ҷамъиятии «Ассотсиатсияи миллии момодояҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон» таҳти унвони «Нақши момодоя дар модаршавии бехавф» конфронси байналмилалӣ доир гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти вазорат, дар конфронс муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода, сардорони раёсату шуъбаҳои зерсохтори вазорат, роҳбарони муассисаҳои соҳавӣ, шарикон оид ба рушд, доираи васеи мутахассисони соҳа ва ҳамзамон намояндагони ассотсиатсияи момодояҳои кишварҳои Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон тариқи онлайн иштирок намудаанд.

Муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Зулфия Абдусаматзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, иброз доштааст, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаи ҳифзи саломатии модарон ва кӯдакон яке аз масъалаҳои афзалиятнок ба ҳисоб рафта, дар рӯзномаи кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Созмони ҷаҳонии тандурустӣ, Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) ва дигар ташкилотҳои байналмилалӣ доимо мавриди муҳокима қарор дорад.

Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали соҳибистиқлолии худ ба ҳуқуқҳои занон ва модарон диққати ҷиддӣ дода, ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи байналмилалӣ ва яке аз аввалин давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар соли 1993 “Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид дар бораи барҳам додани ҳама гуна шаклҳои табъиз нисбати занон”-ро эътироф намуд.

Дар ҳамин замина, бо мақсади таъмини иҷрои конвенсияи болозикр аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ корҳои зиёде ба анҷом расонида шуда, як қатор ҳуҷҷатҳои муҳими стратегӣ, аз ҷумла Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи ҳимояи ғизодиҳии табиии кӯдакон” (с. 2006), “Кодекси тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон” (с. 2017), “Барномаи миллии коммуникатсионии 1000 рӯзи аввали ҳаёти кӯдак дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2024”, “Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-20227” ва “Барномаи давлатии солимии репродуктивӣ барои солҳои 2023-2027” таҳия ва қабул шуданд, ки онҳо барои устувории заминаи меъёрии ҳуқуқии масъалаҳои ҳифзи солимии модару кӯдакон мусоидат менамоянд.

Дар натиҷаи амалисозии қонун ва қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, стратегияҳо, барномаҳои миллӣ ва соҳавӣ ва ислоҳоти соҳа Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ба беҳтаршавии як қатор нишондиҳандаҳои демографӣ ноил гардидааст.

Зикр гардидааст, ки фаъолияти момодояҳо дар кишвар давра ба давра мавриди таҳлил ва баҳодиҳӣ қарор дода шуда, бо мақсади ҳавасмандгардонии мутахассисон озмунҳои гуногун, аз ҷумла соли 2023 озмуни “Беҳтарин момодояи сол” сол гузаронида шуда, ғолибон муайян ва бо туҳфаҳои хотиравӣ сарфароз шудаанд.

Дар анҷом изҳори умедворӣ карда шудааст, ки натиҷаи чорабинӣ дар пешрафти фаъолияти ояндаи момодояҳои кишвар мусоидат хоҳад кард.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД