Дар интихоби моли қурбонӣ дармондаам, чунки аз ҳар касе пурсидаам ба таври худ шарҳ дод, вале ман мехоҳам, ки аз нигоҳи ислом фаҳмам барои қурбонӣ молро чӣ тавр интихоб мекунанд?
Саидҷон, сокини ш. Кӯлоб
Моли қурбонӣ махсус аст ва забҳи он дар вақти махсус аст, яъне баъд аз адои намози Иди Қурбон. Пеш аз намози ид мумкин нест. Баъд аз намози ид ҳайвонро забҳ мекунанд. Агар шутур бошад гов бояд дусола бошад. Гӯсфанду буз бояд яксола бошанд, вале агар гӯсфанд аз яксола хурд бошаду ба назар мисли яксола тобад, мешавад.
Яке аз шартҳои қурбонӣ ин аст, ки моли интихобкарда бояд аз айбҳо пок бошад, яъне бисёр лоғар, ланг ва кӯр набошанд, балки солим бошад.
Маҳмуд Сангалиев,
сармутахассиси Раёсати фатвои
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон
Аз идора: Ҳар рӯз дар ҳамин вақт метавонед ба саволҳои худ дар мавриди Иди Қурбон ва фазилатҳои он, қурбонӣ ва дигар унсурҳои ин ид посух гиред.