goodwell
Моли қурбонӣ бояд чӣ гуна бошад?
27.05.2026
Oila.tj
52

Салом! Ман мехостам имсол як буз харида қурбонӣ кунам, вале чанд нафар хешу табор “буз тимсоли шайтон аст ва онро қурбонӣ кардан хуб нест” гуфтанд. Мехоҳам донам, ки гуфтаашон ягон асос дорад ё не?

МАНСУР, аз ш. Душанбе

Посух:

- Баробари азиз! Гуфтаҳои хешовандони шумо дар бораи он ки бузро қурбонӣ кардан хуб нест, ягон асос надоранд. Дар китобҳои динӣ омадааст, ки қурбонӣ танҳо аз чорвоёни хонагӣ, яъне шутур, гов, говмеш ва бузу гўсфанд дуруст мешавад, хоҳ нар бошад, хоҳ мода. Забҳ кардани ҳайвони ваҳшӣ ва нодир барои қурбонӣ ҷоиз нест.

Моли қурбонӣ бояд солим, фарбеҳ ва бенуқсон бошад. Бузу гўсфанд бояд аз яксола боло бошад, вале агар аз 6-моҳа боло буда, чунон солиму фарбеҳ бошад, ки монанди яксола ба назар намояд, қурбонӣ кардани он ҷоиз мегардад. Гов бояд аз дусола ва шутур аз панҷсола боло бошад. Шир ё пашми моли қурбониро гирифтан ва фурўхтан ҷоиз нест. Агар касе чунин кард, бояд ба миқдори арзиши он садақа кунад.

Агар ҳайвон хилқатан шох надошта бошад, забҳи он барои қурбонӣ ҷоиз аст. Агар як қисмати шохи ҳайвон шикаста ё қатъшуда бошад, забҳи он низ дуруст аст. Аммо агар ҷойи шикасти он аз бехи шох бошад, қурбонӣ кардани он дуруст нест.

Ҳамчунин агар ҳарду чашми ҳайвон ё як чашми он нобино бошад, ё бағоят лоғар ё дандонҳояш шикаста, ё гўш ва ё думаш қатъ шуда бошад, забҳи он ҷоиз нест. Аммо агар аз се ду ҳиссаи гўши ҳайвон боқӣ монда бошад, забҳи он ҷоиз мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД