Sebiston new 2024 october
Моҳи шашуми ҳомиладорӣ
1128

 

Дар моҳи шашуми ҳомиладорӣ тамоми ҷисми кудак комилу пурра шудааст. Дар ин муддат системаи асаби тифлак ба рушд кардан шуруъ мекунад. Ба ҳами хотир раванди инкишофёбии кудакро дуруст гузарондан лозим. Амалҳоеро бояд анҷом дод ки барои рушди он кумак кунад.

Андозаи кудак дар ҳафтаи 22-юми ҳомиладорӣ 26 см қад ва 350-400 г вазнро ташкил медиҳад. Ин андоза дар ҳафтаи 26 бордорӣ яъне баъди ду ҳафта ба 34 см қад ва 800 грамм мерасад.

Аз ин ададҳо ба хулосае омадан мумкин аст, ки ппас аз шашмоҳагӣ давраи калоншавии кудак дар батни модар маҳсуб меёбад. Ӯ алакай ба кудаки навтавалудшуда монанд аст.

Зани ҳомиладор дар ҳафтаи 21-уми бордорӣ худро бардаму солим ҳис мекунад, албатта дар ҳолати одӣ ва агар ба ягон намуди беморӣ гирифтор набошад.

Дар ин муддат кудак дар дохили батн ҳаракат мекунад ва ҷунбиши ӯро модар ҳис мекунад ва ҳатто аз беруни шикам низ намудаор аст. хобу бедории тифл ба реҷаи рӯзи модар тамоман дуруст намеояд.

Яъне тифл метавонад дар вақти хоби модар ба ҷунбидан дарояду дар руз уммуман ҳаракат накунад. Ин комилан оддӣ аст, чунки ӯ фарқи рӯз аз шаб намеравад.

Дар дохили батн пусти кудак комил мешавад, аммо қабати равғаннокии он ташкил нашудааст ва ниҳоят нозук аст. Кудак ангуштонашро ба ҷунбондан шуруъ мекунад ва инчунин чашмонашро баҳазур мекушояд.

Занҳои бордор хуб аст, ки ба варзиш машғул шаванд аммо варзиши вазнин ва ё аз меъёр зиёд машғул шуданаш мумкин нест. Барои андозаи ҷисмро нигоҳ доштан ва диетаи сахт кардан мумкин нест.

Чихеле дар боло қайд намудем, ҳар ҳафта тифлак то 200 грамм вазн зиёд мекунад ва ноқисии хурок ба инкишофи кудак зиён меоварад.

Истеҳмоли нушокиҳои спиртӣ ва кашидани сигор қатъиян манъ аст. Ҳатто дар макони аз дуди ниготин пуршуда истодан ба саломатӣӣ ҳам кудаку ҳам модар зарарнок аст.

Аз меъёр зиёд робитаи ҷинсӣ намудан ва дар давраи бордорӣ табобати дандон низ иҷозат дода намешавад.

Ба шикам хоб рафтан тамоман мумкин нест. Шикам андозааш калон шудааст ва агар модар ба тарафи шикамаш тоб хурда дароз кашад бо вазни худ кудакро меҷиқад.

Чихеле бибиҳо мегӯянд бини кудак пачақ мешавад. Алакай як андоза шикам калон шудааст ва ба пойҳо фишор меорад. Ҳангоми истироҳат аз падари кудакатон хоҳиш намоед, ки ангуштони пойҳоро маҳс намояд.

Ин амал ниҳоят ба модару кудак форам аст. Таъби модар болида мешавад ва он ба кудак низ бетаъсир намемонад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД