Commerc banl
Моҳи раҳмат
28.02.2026
Oila.tj
50

Моҳи шарифи Рамазон моҳи тоату ибодат ва тиловати Қуръон, моҳи муноҷоту дуо мебошад, хусусан ҳангоми ифтор дуои рӯзадор мақбул ва мустаҷоб аст, бинобар ин, самаранок истифода бурдан аз ин вақтҳои пурқимат вазифаи ҳар муъмини комил аст.

Саҳл ибни Саъд ривоят мекунад, ки Расули Худо (с) чунин фармуданд: «Уммати ман доим дар хайр мебошанд, модоме ки ифторро барвақт кунанд». (Ривояти Бухорӣ ва Муслим).

Расули Худо (с) пеш аз намоз бо меваи тар ифтор менамуданд, агар меваи тарро намеёфтанд, хурмо ё як-ду қатра об менӯшиданд ва мегуфтанд: «Ташнагӣ рафт, рагу пайванд тар шуд ва аҷру подош собит гашт». (Ривояти Абӯдовуд).

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД