Суди шаҳри Душанбе як навраси 15-соларо, ки дар чандин ҳодисаҳои дуздию ғоратгарӣ гумонбар дониста шудааст, ба литсейи махсуси касбӣ-техникӣ фиристод. Ҳадаф аз қабул кардани чунин қарор ба роҳи дурусти зиндагӣ равона намудани ноболиғ ва пешгирӣ кардани ҷинояткорӣ дар байни насли наврас мебошад.
Дар хабар гуфта шудааст, ки модараш ба ҷойи тарбияти дуруст додан ва ба роҳи рост равона намудани ин бачаи ноболиғ, баръакс ӯро ба талбандагӣ маҷбур мекардааст. Ҳамин тавр ноболиғ аз роҳи дуруст берун шуда ба гадоӣ ва дуздию оворагардӣ одат кардааст.
“Тибқи моддаи 73-и Кодекси Оила”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бидуни маҳрум намудани волидон аз ҳуқуқи падарию модарӣ аз тарбияи онҳо гирифтани кӯдакро иҷозат додааст, суди ноҳияи Сино қарор кард, ки ноболиғ ба литсейи махсуси касбӣ-техникӣ фиристода шавад,”-омадааст дар хабари Раёсати ВКД дар Душанбе.
Ҳадаф аз андешидани чунин чора додани тарбияи дуруст ба наврас дар муассисаи таълимию касбӣ мебошад.
Минбаъд назорат аз рӯйи ноболиғон пурзӯр гардонида мешавад ва нисбати падару модароне, ки аз ӯҳдаи тарбияи фразандонашон ба хубӣ баромада наметавонанд, чораҳои ҳуқуқӣ а ндешида шуда, кӯдакон аз тарбияи чунин волидон гирифта ва ба муассисаҳои махсус равона карда мешаванд.