Arzon april 2022
Модари ВНМО дошта фарзанди солим ба дунё меорад?
364


Вируси норасоии масъунияти одам бо се роҳ, аз хун бо хун, аз сӯзандору ва аз модари бо вирус зиндагикунанда ба кӯдак мегузарад.

Тибқи меёрҳои мавҷудаи тандурустӣ шахсоне, ки дорои вируси норасоии масъунияти одам доранд, бояд тамоми умр доруҳои зидди ин вирусро истеъмол намоянд.
Саволи матраҳ дар семинари ду рӯза дар мавзӯи Вируси норасоии масъунияти одам шуда гузашт, ин буд, ки ҳангоми ҳомиладории зан хӯрдани ин доруҳо ба тифли дар батн буда таъсири манфӣ намерасонад?

Дилшод Сайбурҳонов, директори маркази пешгирӣ ва мубориза ба ВНМО дар шаҳри Душанбе чунин посух гуфт: “Агар модари тифл сироятёфта бошаду дар батнаш ҷанин дошта бошаду сарбории вирусиаш баланд (аз 10 то 50 000 ва ҳатто 1 миллион ) ва агар ягон раванди табобатро анҷом надиҳад, дар ин вақт кӯдак таваллуд шавад, хатари сироятёбиаш то 40 фисад мебошад.
Вақте аз зан мо вирусро дарёфт мекунем ва дар давраи ҳомиладорӣ табобати зиддиретровирусӣ мегирад, то 2 фоиз хатар поин меравад. Мутаассифона хатар боқӣ мемонад, вале дар ҳадди минималӣ.

Дар мавриди дорувориҳо ва истифодаи он ба кӯдак ҳаминро қайд мекунам, ки имрӯз тибқи талаботҳои протоколи клиникии амалкунанда, нафарони вирус дошта аз рӯи 13 схема б табобат фаро гирфта мешаванд. Масалан шахсе, ки ВИЧ ва гипатит В доранд, схемаи алоҳида дорад, зани ҳомиладор схемаи табобатии алоҳида дорад. Бештари нафарон дар схемаҳои умумӣ табобат карда мешаванд.

Таъсири доруҳо ба кӯдак монанд нест, баъд аз таваллуд шудани кӯдак 28 рӯз тавассути дорувориҳо таҳти назорат гирифт мешавад, дар муддати 1, 6 моҳ чор маротиба аз ташхиси зарурӣ мегузаронем ва ҳамчун шахси солим ба қайд гирифта мешавад.

Вобаста ба ин масъала Ҷамолиддин Абдуллозолда дар ҳисоботи нисолаи аввали соли ҷорӣ изҳори назар карда, афзуд, ки "То имрӯз дар Тоҷикистон бо шахсони бо ВНМО зиндагикунанда 10 488, ки аз он 1085 кӯдакон ташкил мекунанд. Дар шаш моҳи аввали соли ҷорӣ 548 нафар ташхис шудаанд. Аз 130 нафар зани ҳомилаи бо вирус зиндагикунанда, нисабти 14 нафари онҳо исқоти ҳамл гузаронда шуд. Дар айни замон 94 зани ҳомилаи сирояти ВНМО зери назорати антенаталӣ қарор доранд. Дар ин марҳила ҳамагӣ 305 кӯдаке, ки аз модарони бо вирус зиндагикунанда таваллуд шудаанд, то 18 моҳагӣ таҳти назорати мутахассисон қарор доранд", гуфт Ҷамолиддин Абдуллозода вазири тандурустӣ.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД