Тифлаки сарсахт дасту по зада, бо тамоми овоз “ингааа” гӯён, гиря мекард. Навзод гурусна монда буд ва пистони модар меҷуст, бехабар аз он ки модари сангдилаш махсус ӯро ба сумка андохта, дар ин ҷойи камодам партофта рафтааст, то ки аз гуруснагӣ ва хунукӣ бимирад, вале...
Риштаи умри инсон дароз бошад, худованд ӯро аз тамоми балоҳо наҷот медиҳад. Ин тифлаки серӯза низ бо шарофати як писарбачаи тахминан 10-12 сола аз марги яқин раҳоӣ ёфт.
Тавре ки “Известия” менависад, зане, ки тифли навзодашро ба сумка андохта дар тавақуфгоҳи мошинҳо (стоянка) партофта рафта буд, аллакай аз ҷониби кормандони пулис дастгир шудааст. Ин модари сангдил дар сӯйиқасд ба куштори тифли навзод муттаҳам дониста мешавад ва айни замон дар ҳабси пешакӣ қарор дорад.
Тифлаки навзодро аз назди як бинои истиқоматӣ, аз таваққуфгоҳи мошинҳо (стоянка) як писарбачаи тахминан 10-12 сола, ки ҳамроҳи сагаш ба сайру гашт баромада буд, пайдо карда, роҳгузаронро ба ёрӣ даъват намудааст. Мардум аввал гумон кардаанд, ки садои гиряи тифл аз дохили кадом як мошин меояд ва шояд волидонаш барои харид кардан ба мағоза даромада бошанд, вале баъдан чашмашон ба сумкаи калоне мефтад, ки дар як кунҷи дури тавақуфгоҳ партофта шуда буд ва овози гиряи кӯдак аз ҳамон ба ҷо гӯш мерасид.
Вақте сумкаро кушоданд, дар дарунаш тифлаки навзоде дасту по зада бо тамоми воз мегирист. Кӯдак писарча ва аллакай бар асари хунукиву гуруснагӣ ба дами марг наздик шуда буд.
Падару модари писараке, ки тифли навзодро пайдо кардааст, кӯдакро ба хонаи худашон бурданд ва ба “Ёрии таъҷилӣ” ва пулис занг заданд.
Дар банди дасти кӯдак навиштаҷоте, ки дар таваллудхона ба дасти тамоми тифлакони навзод баста мешавад, мавҷуд буд, ки тибқи он писарча санаи 6-март ба дунё омадааст.
Маъмулан занонро бо тифлони навзодашон дар таваллудхона се рӯз нигоҳ медоранд. Тахмин меравад, ки ин модари фарзандбезор рӯзи 6 март писарча таваллуд карда, санаи 9 март, баъди аз таваллудхона ҷавоб шудан, кӯдакро ба сумка андохта, дар тавақуфгоҳи мошинҳо партофта рафтааст, то тифлак аз гуруснагӣ ва хунукӣ бимирад, вале худованд ин кӯдаки бегуноҳро аз марги яқин наҷот дод.
Айни замон тифли партофташуда дар беморхона таҳти назорати табибон қарор дорад ва дигар ба ҳаёташ чизе таҳдид намекунад.
Ҳодиса дар қисмати шимолу шарқии Маскав рӯй дода, алайҳи зани фарзандбезоре, ки бо мақсади ба марг расонидани кӯдаки бегуноҳ тифли навзодашро дар таваққуфгоҳи мошинҳо партофта рафта буд, парвандаи ҷиноӣ оғоз ёфтааст.
Тафтишоти ҷузъиёти дигари ҳодиса аз ҷониби кумитаи тафтишотии Русия идома дорад.
Ф. Сатторӣ