ИДОМААШ...
Аз неку бад бохабар аст. Лекин донишҷӯ будан маънои ба ҳама некию накӯкориҳо ҷавобгӯ буданро надорад. Хусусан, дар замони ҳозира чигунагии донишҷӯба ҳама маълум аст.
Аз рӯзи аввали ба хонаи шавҳарам рафтан ман худро нороҳат ҳис мекардам. Ман дар он ҷо аз навозишу меҳрубонӣ маҳрум будам, бо сабабҳои ночиз шавҳарам ба сари ман дод мезад. Маро таҳқир мекард. Хоҳари ӯ ки номаш Нозанин буд, аз акояш Маҳмадалӣ ҳам камӣ надошт, маро ҳар лаҳза бо таънаву маломат хафа мекард. Агар хонарӯбӣ мекардам, аз болоям мерӯфт, косашӯи мекардам, боз аз болоям мешӯст. Ҳарчанд саҳар аз хоб мехестаму ҳавлиро ҷорӯб мезадам, ҷорӯбро гирифта, аз болоям мерӯфт.
Хонандаи азиз, худат хулоса барор, ин рафтори ӯро бо димоғи сӯхта ба модараш мегуфтам, вай бошад, парвое надошт. Мумкин ин корро бо хоҳиши модараш мекунад. Модараш бо карашма мегуфт, ки духтари ман эрка калон шудагӣ, пасаш нагардед. Падаршӯям бошад, бо таърифу меҳрубониҳову ваъдаҳои бисёр маро келин кард, лекин аз муносибати фарзандонаш бо ман бехабар мешуду як бор маро намепурсид, ки ту чаро ғамгинӣ? Ҳамин қадар фикр намекард, ки падари духтар ба ман бовар карда, духтар додааст, фардо чӣ хел ба рӯяшон нигоҳ мекунем… Охир, ҳавз ки пур шуд, об сар зада равон ме- шавад. Ман ин гапро ба падарам мегуфтам. Ман аз ҳама бисёр аз падаршӯям хафа мебошам. Чунки бо таърифу ваъдаҳои зиёд падарамро фиреб дод ва тӯйро дар вақти кӯтоҳ ба анҷом расонид. Падари ман худаш одами ростқавл, ки буд, ба гапҳои вай бовариаш омада, розӣ шуд. Вақте ман гуфтам дигар намеравам, падаршӯям гуфт, ки ту фикри чизҳои сарфкардагии маро намекунӣ? Лекин фикри ҳаёти сӯхтаи маро кӣ мекарда бошад…
Агар падари ман бесавод ё камақл мешуд, асло хафа намешудам. Падарам- Мусаяби Абдулқодир, маълумоти олӣ доранд, шоир ҳам ҳастанд, аммо зудбоваранд. Ба таърифу найранги қудояшон фирефта шуда, писарашро ба фарзандӣ қабул карданд. Падару модари азиз, агар суханони ман шуморо сахт расанд, узр, аммо хулоса бароред, ки ман дар чӣ ҳолам. Шумо, волидони азиз, бахти маро поймол кардед, охир ҷавонӣ дубора ба кас барнамегардад. Куҷо шуд он рӯзҳои бедардиву бепарвоии ман. Модаршӯям аз ман хафа шудааст, ки сирри онҳоро баровардам. Охир чӣ хел намегӯям, агар ба ҷои ман худаш ё духтараш мешуд, онҳо ҳам инро ошкор мекарданд. Ин ҳаёт аст, шахсан барои худи ман ҳаёти мустақилона танҳо ба худи ман ва фикри ман вобастагӣ дорад. Агар дар гӯшаи дили ман меҳри шавҳарам мешуд, мумкин буд тоқат кунам, барои он ки вай шарики ҳаётии ман аст. Лекин вай моро аз зиндагӣ дилсард кардааси. Боварам кунед, аз рӯзе, ки ба шавҳар баромадам, худамро одам ҳисоб намекунам. Намедонам, чӣ чораву тадбир созам, агар дар ягон маҳбасхона мебудам, тоқат мекардам, зеро оқибат ба озодӣ мебароям, лекин дар чунин ситамхона сабр бефоида аст…
ТАСНИФИ ОТИФ