Arzon march 2024
МОДАРАМ МАРО ОТАШ ЗАД!
12.04.2021
ОИЛА
4096

 Ҷавонӣ давраи тиллоии ҳаёт, давраи ҷустуҷӯву такопўҳо, суруру нишот, хуллас айёми беҳтарини ҳаёти инсон аст. Кас дар ин айём ба зиндагӣ бо назари умедворӣ менигарад. Гуиё бо заврақи ширину рангин ба соҳили мақсуд расидан мехоҳад. Бехабар аз он ки дар ин дарёи пурталотум ғаму андӯҳ, нокомию бадбахтӣ низ ӯро интизор аст. Мо, инсонҳо, гӯиё гиле ҳастему меъмори зиндагӣ кулоли мост, тавре ки мехоҳад месозаду моро оро медиҳад.

Сомонаи  азиз, мурод аз ин фалсафа дарди дили як нафар духтараки деҳотист, ки аз зиндагӣ дасту дил шӯставу аз каси дигар не, балки маҳз аз волидони худ домангир аст. Ростӣ ҳама он суханпораҳое, ки рӯи қоғаз меоварам, хаёлпардозӣ набуда, ҳақиқати воқеист, ки дар натиҷаи кӯтоҳандешии волидонам насибам шудааст. Табиист, ки ҳар падару модар фарзанди худро бо ҳазорон орзу ба воя расо- нида, хоҳони хушбахтии ӯст.

Ҳеҷ волиде намехоҳад, ки ба пои фарзандаш хоре халад ва ё ўро навмеду дилшикаста бинад, вале баъзан падару модарон барои хонадор кардани фарзандонашон хеле шитоб мекунанд ва ин сабуккорӣ ба ҷуз пушаймонию надомат суде намеорад. Пеш аз ифшои роз мехоҳам аз ҳамаи волидайни азиз хоҳиш намоям, ки духтаронашонро эҳтиёт кунанд, то ки ҳаёти онҳо боиси ташвишу изтироби эшон нагардад!

Пушаймонӣ надорад суд охир, қафо ҳаргиз нагардад рӯд охир… Духтар чун гул аст, аз навозишу меҳрубонӣ мешукуфад, лекин аз як сухани қабеҳ пажмурда мегардад. Вақте ки духтарро аз хонаи падару модар гусел мекунанд, ҳарчанд барои хешу ақрабо хушбахтӣ бошад ҳам, лекин барои духтаре, ки домоди ношинос дар бараш қадам мегузорад, вазнин аст. Ин одати тоҷикони ноҳияи кӯҳистон бисёр тааҷҷубовар аст. Наход дар бораи домод чизе надониста, кӣ ва чӣ будани ӯ ва падару модари ӯро аз наздик нашинохта, одобу тарзи зисти он хонаводаро надониста, фарзанди худро бароварда диҳед?! Фикр намекунед, ки тақдири духтаратон чӣ мешавад? Албатта, ҳеҷ кас писару хонаводаашро паст намезанад, лекин танҳо ба сухан бовар кардан даркор нест… Таъ      рифу тавсифи ӯро беҳтар ки аз дигарон шунавед, на аз худи ӯ.

Ман аз падару модари худ дар бораи ҳаётам розӣ нестам, агарчи ин андешаи вазнин бошад, маро бубахшед. Ман дар дил орзу доштам, ки ҳамшираи шафқат шавам, лекин падару модарам, бисёртар модарам садди роҳи ман шуд. Маро аз ҳавлӣ берун баромадан, ҳатто бо духтарон сӯҳбат кардан намемонд. Хайр, бигзор волидон аз ман розӣ бошанд, лекин бояд ман ҳам аз онҳо розӣ бошам. Волидонам маро маҷбурӣ ба шавҳар доданд. Ман ҳарчанд гуфтам, ки ба шавҳар намебароям, аммо ин суде набахшид. Ман дар бораи шавҳаршавандаи худ чизе намедонистам. Падарам мегуфт, ки ӯ донишҷӯ аст, набояд ки ҷавони бадфеълу бадкирдор бошад. У дар донишгоҳ таҳсил мекунад. 

ДАВОМАШРО ФАРДО СОАТИ 21-00 ИНТИЗОР ШАВЕД!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД