-Хоҳарат намедонад, ки духтари ман аст. Ин сирро фош накун!
Аз ин воқеа ду сол сипарӣ гашт. Модарам дар корхонае котиба шуда кор мекард. Дар хона аз бекорӣ ҷонам ба лаб расида, модарамро маҷбур кардам, ки ҳуҷҷатҳоямро ба Донишгоҳи тиббӣ супорам. Розӣ шуд. Писарамро ба боғчаи кӯдакон додаму ба донишгоҳ дохил шудам. Дар курси мо духтари зебое таҳсил мекард, ки ба ман монандӣ дошт, дилам гувоҳӣ медод, ки ӯ хоҳари ман аст. Вақте ки аксашро ба модарам нишон додам, иқрор шуд, ки ҳамин аст хоҳарам Фаришта. Хеле мехостам ба наздаш рафта, худро шинос кунам, вале аз оқибати кори худ метарсидам.
Рӯзе ҳамкурсонам хабар оварданд, ки Фариштаро фотеҳа кардаанду домод зидди хондани ӯ баромадааст. Акнун хонданро партофта, ба шавҳар мебаромадааст.
Ғамгин шудам, ки нав хоҳарамро пайдо кардаму боз аз даст медиҳам. Ҳафтаи дигар Фаришта духтаронро ба тӯйи арӯсияш даъват кард. Бесаброна интизор будам он рӯзро, ки ба тӯйи хоҳарам рафта, суроғаи ӯро пайдо мекунам. Модарамро илтиҷо кардам, ки ҳамроҳам ба тӯйи хоҳарам равад, вале вай розӣ нашуд.
Бесаброна рӯзи тӯйро интизорӣ мекашидам, бехабар аз он ки тӯй беҳтарин ганҷро аз ман мерабояду як умр дилхунам месозад.
Рӯзи тӯй вақте ба тарабхона ворид шудем, чашмам ба домод афтиду “Шаҳзод” гӯён, фарёд зада, аз ҳуш рафтам. Дигар чизеро дар ёд надорам. Чашмонамро кушода, болои сарам модару дугонаамро дидам.
-Ман дар куҷоям? Шаҳзод куҷост?- гуфта, гиря мекардам. Модарамро болои сарам дидам, ки “ба ту чӣ шуд духтарам” гӯён, баробари ман гиря мекард.
-Модарҷон, Шаҳзоди маро хоҳарам рабуд,-гӯён гиря мекардам. Ончунон бо алам гиря мекардам, ки гӯё наздиктарин шахсам мурда бошад.
-Ту чиҳо мегӯӣ, духтарам?-модарам ҳеҷ ба гапҳоям сарфаҳм намерафт.
-Хоҳарам Фаришта ба Шаҳзод ба шавҳар баромад. Ӯро дида, сарам чарх заду аз ҳуш рафтам,-қисса кардам ба модарам. Орзуҳоям барбод рафтанд. Бисёр мехостам, ки пас аз хонадоршавиаш ба хонаи Фаришта рафта, ҳамаашро ба ӯ фаҳмонам. Хоҳарам буданашро исбот кунам, вале афсӯс...
Дар як лаҳза ҳам шавҳарамро аз даст додаму ҳам хоҳарамро. Чӣ кор кунам, Худо? Аз ғам мемирам. Чӣ хел ба хонаи хоҳарам рафта, гӯям, ки хоҳарҷон шавҳарат падари Шаҳзоди ман аст. Рашке, ки нисбати Шаҳзодам дорам, оқибат маро ба гӯр мебарад.
С. Рабиева