Салом “Оила”-и дардошно! Ман як хонандаи доимии шумо ҳастам. Мехоҳам дарди диламро ба нафаре, ки аз мо муддати 14 сол дур асту боре суроғамон намеояд, бирасонам.
Ин нафар падарамон аст. Падаре, ки ҷонаш ба ҷони фарзанд пайванд буд. Бо модарам чӣ муноқишае карду бо ҳамин сарашро гирифта, баромада рафт. Ҳатто дигар ёди се тифли хурдакакашро накард. Аз модарам то ҳол сабаби ҷанҷолашонро мепурсем. Мегӯяд, ки падаратон хиёнаткор баромад ва аз шарму ҳаё тарки хонаву дар кард. Аз модарам борҳо хоҳиш кардем, ки ба падарамон занг занаду ӯро ба хонаву дарамон баргардонад, вале модарам бо ситеза мегӯяд, ки агар ӯ ояд, ман баромада меравам!
Падарҷон! Сабаби ҷанҷоли шумову модарамро намедонем, вале баъзе рафтори модарамро дида, дар гунаҳкор будани шумо шубҳа пайдо кардаем. Агар мактуби маро мехонед, хоҳиш мекунам, ба наздамон баргардед ва моро ҳамроҳатон баред. Мо шуморо дӯст медорем, наход, ки дар ин 14 сол ба ёдатон нарасида бошем. Мо роҳи шуморо интизорем, падарҷон!