Салом! Ман як ҷавони 16-сола, мехоҳам дарди диламро ба шумо гуфта, маслиҳат бипурсам.
Як сол пеш падари меҳрубонамро аз даст додам. Модарам пештар як зани оддии хонашин ва бамаънӣ буд, вале аз рӯзе, ки падарам аз дунё гузаштанд, якбора ба худаш аҳамият медодагӣ шуда монд. Субҳгоҳон қариб як соат дар назди оина нишаста, рӯю мӯяшро пардоз мекунад ва мисли духтарҳои 18-сола либосҳои танги замонавӣ пӯшида, ба кор меравад. Модарам, агар муаллима ё духтур мебуд, чизе намегуфтам, вале фаррош асту худашро орову торо дода, чунон карру фар мекунад, ки одами дидагӣ ӯро артистка ё раққоса гумон мекунад.
Фаррошон то ҷое, ки ман медонам, корашонро барвақт тамом карда, ба хонаҳояшон мераванд, вале модари ман қарибиҳои намози шом ба хона баргашта, бо баҳонаи монда шудан, дасташро дигар ба оби тар ҳам намезанад. Занаки каппа калон кораш фақат телефонбозӣ аст, бо кӣ гап мезанад, намедонам, вале хеле рашкам меояд.
Чанд бор гуфтам, ки оча, ҳамин корҳо ба шумо намезебанд, беҳтараш либоси ба синну солатон мувофиқ пӯшед, то ки ҳамсояҳо наханданд, аммо модарам маро чунон дуоҳои бад кард, ки ногуфтанӣ.
Ҷӯраҳоям ба ҳоли ман механданд. Аз шарм намедонам сарамро ба кадом дар занам. Ростӣ баъзан дилам мехоҳад, ки сарамро гирифта ба Русия равам, вале боз фикри додару хоҳаронамро мекунам.
Илтимос, ба ман маслиҳат диҳед, чӣ кор кунам, ки модарам орову торо додани худро бас кунад?
С. Б., шаҳри Душанбе