Духтареро сахт дӯст медорам. Вай ақли расо ва садои ширин дорад. Худам борҳо аз наздик бо ӯ сӯҳбат намуда, ба хотири одобу ахлоқи хуб ва соҳиби фарҳангу маърифат буданаш ба зебогияш эътибор намедодам, зеро барои ман бештар зебогии ботинаш муҳим буд.
Ботинан духтарак ҳеҷ камбудӣ надошт.
Хуллас, замони оиладор шуданам фаро расиду аз нозанини қалби худ ба модарам қисса кардам. Модарам ӯро дидан хост. Баъд аз вохӯрӣ бо қошу қавоқи овезон вориди хона гашта, модарам хостгорӣ кардани духтари дӯстдоштаамро рад намуд. Аммо ман бо каси дигар хонадор шудан намехоҳам. Илтимос, маслиҳат диҳед, чи кор кунам?