Formula novemver 2024
Модар посбони бахти фарзанд аст
23.05.2024
ОИЛА.ТҶ
1012

Падари ман аз модарам шонздаҳ сол пеш ҷудо шудааст. Бечора модарам ману хоҳару бародарамро бо хуни ҷигар тани танҳо калон карданд.

Соли 2010 бародарамро бо духтари холаам хонадор кардем. Ростӣ бародарам розӣ набуд, аммо модарам “апаам бемор асту духтараш бегона нашавад” гуфта, бо гиряву нола ӯро розӣ кард ва ҳамин тавр онҳо тӯй шуданд.

Аввалҳо бародарам занашро намехост, чунки дӯсташ намедошт. Модарам бо чашми гирён бародарамро насиҳат мекард, ки писарам, тоқат кун, соҳиби фарзанд шавед, ба занат меҳру муҳаббат мебандӣ ва хушбахти ҷаҳон мешавед, вале бародарам ду пояшро ба як мӯза андохта “ҷудо мешавам” мегуфт.

Қасд кардагӣ барин, янгаам 2сол фарзанддор нашуд. Модарам ӯро ҳамеша насиҳат мекард, ки духтарҷон, зиқ нашав, гиря накун, чунки Худованд меҳрубон аст ва ягон бандаашро бе насиб намегузорад. Меваи сабр ширин аст мегуфтанд модарам ва дар ҳақиқат ҳамин тавр ҳам шуд. Дар соли сеюми зиндагиашон ягнаам ҳомиладор шуд ва бародарам “оҷачон, ба наздикӣ бибӣ мешавед” гӯён аз модарам шодиёна гирифт. Модарам он рӯз аз хурсандӣ ҳатто гиря карданд. Ману хохарам бесаброна ба дунё омадаи ҷиянчаамро интизор будем ва ниҳоят он рӯз ҳам фаро расид. Шабе соатҳои дуи шаб янгаамро дард зад ва ӯро ба беморхона бурдем. Ҳамон шаб бародарам соҳиби духтарчаи зебое шуд.

Ҳоло бародару янгаам зиндагии хушбахтона доранд. Ин қиссаро ман ба он хотир нақл кардам, ки модарон посбони бахти фарзандони худ ҳастанд, агар модарам ҳамон вақт бародарамро насиҳат намекарданд, шояд бо баҳонаи бефарзандӣ онҳо ҷудо шуда, ба чунин рӯзҳои хушбахтӣ ҳаргиз намерасиданд.

Хонандаи Oila.tj

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД