Commerc banl
Модар - фариштае, ки як умр моро муҳофизат мекунад
63

Сад ҷону дил фидои як муддаои модар,

Фатҳу кушоиш орад дасти дуои модар.

Бишнид гар садоям дунёи сахтгӯшон,

Ангезаест шояд, аз аллаҳои модар.

Фикр мекунам, ки орзуи ҳар як зан модар шудан аст. Ҳар зан дар баробари тавлиди тифл ва аз қаъри ҷон додани шири ҷонбахш ба тифл меҳр мебахшад. Модар на танҳо зане, ки тавлид мекунаду шир медиҳад, балки ҳамоне, ки тифлро аз рӯзҳои аввалин тарбият мекунад.

Барои ҳар инсон модар фариштаро мемонад ва то модар ҳаст, инсон гарчанде дар сол бузург шавад ҳам, лек дар қалб худро тифл меҳисобад ва медонад, ки модари нозбардор дорад. Зан низ то хунаш дар ҷисмаш гардон аст, баҳри хушии ҷигарбанд дар талош аст ва дар ҳолати ҷисман ва рӯҳан солим будани ҷигарбандаш бо вуҷуди омаду ноомади зиндагӣ худро хушбахт меҳисобад.

Оре, модар дар ҳоле хушбахт аст, ки фарзандаш ҷисману рӯҳан солим бошад, то дами марг боғи модар гардад ва модар доғи фарзандро набинад. Зан-модар танҳо дар ҳамин ҳолат худро хушбахт меҳисобад.

Вале афсӯс, ки дар замони муосир бархе аз фарзандон модари хушбахтро, ки тамоми ҳастиашро масрафи ҷигаргӯшааш карда буд нороҳату мушаввашаш месозанд. Гӯё аз шабҳои бехобии дар сари гаҳвора нишастааш, аз худ луқмае нахӯрдаву аввал ба даҳони тифл ниҳоданаш, ҳангоми беморӣ баробари дилбандаш дард кашиданҳояш, аз афтиданҳо ғамгину аз ҷаста хестанҳо шод шуданҳояш ва дигар заҳматҳояш огоҳӣ надоранд. На, чунин фарзандон медонанд, ки модар чашм ба роҳашон дорад, доим дар дуои ҷони эшонанд, аммо...

Раҳим Ҷалил дар романи «Одамони ҷовид» овардааст: «…Турфа одамонеанд ин модарон! Ҳам аз ғам мегирянду ҳам аз шодӣ! Донаҳои ашки модар, ки пурбаҳотару нафистар аз тамоми ҷавоҳироти оламанд...». Дар ҳақиқат ашкрезии зан-модар табиист. Аз вақти тавлиди тифл бо вуҷуди дарди чордард бо шунидани овози гиряи тифлакаш модар ашки шодӣ мерезад. Аз омади неки фарзанд ашки шодиву аз ноомадиҳо талх мегиряд. Лек барои мушавваш нашудани фарзандаш ашкашро пинҳон мекунад. 

Модари тоҷик вақте Спитамени худро барои ҳифзи Ватан аз Искандари Мақдунӣ гуселонида буд гиряашро пинҳон кард, модарони Деваштичу Темурмалики меҳанпараст, Восеъи шуҷои мардумдӯст ва дигар қаҳрамонон низ ашки чашмонашонро пинҳон карда, баҳри дифои Ватан ҷигарбандашонро гусел мекарданд. Осон набуд пинҳон кардани ашк ба модари Тӯйчӣ Эрйигитову Неъмат Қаробоев, Домулло Азизову ва дигарон ки барои муҳофизати меҳан аз фашизм ба фронт рафта буданд. Ин модарон чашм ба роҳи фарзандон буданд, дар ҳолати шунидани марги ҷигарбандашон талх мегиристанд, аз касе шарм накарда бо сари баланд гиря мекарданд.

Дар аввали асри ХХI воқеаи нангине рух дода истодааст, ки писар бар сари модари худ мушт мебардораду бар гарданаш теғ мегузорад.  Бо дидану шунидани чунин воқеаҳо аз қалби дигар модарон оҳи пурдарду аз чашмон ашки сӯзон мебарояд.

Афсӯс, баъзе аз модарони тоҷик низ бо чашми ашкбору дили бирён чашм ба роҳанд, ба роҳи фарзандоне, ки ба муҳоҷират рафтаву солҳо модарро фаромӯш кардаанд, ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳо шомил шудаву бар Ватан-модар хиёнат кардаанд ва дида ба роҳи он фарзандони модарбезоре, ки фариштаи худро дар хонаи пиронсолон супорида.

Ба он фарзанде, ки ба муҳоҷират рафтааст ва бо сабабе аз худ ба модар хабар намедиҳад модар бо чашми интизор аз Парвардигор дуои зиндаю саломат будани ҷигарбандашро мекунад. Он фарзандеро, ки модари муштипарро ба хонаи бекасон додааст модар метавонад бубахшад. Вале вой бар ҳоли оне, ки ба Ватан – Модар хиёнат кардааст ва ба қавле ҳар ду дунёи худро сӯзондааст, чунки модар бо вуҷуди меҳрубониаш чунин шахсонро бахшида наметавонад.  Дар чунин ҳолат модар ашк не хун мегиряд, пинҳонӣ аз дигарон бо сари хам мегиряд ва рӯзи тавлиди он фарзанди гумроҳшудаи худро наҳс меҳисобад.

Хуш ба ҳоли фарзандоне, ки чи дар Ватану чи дар хориҷ пайваста дар фикри осоишу фароғати волидайни хеш ҳастанд, бо як каф дуои хайри ӯ ба Ватан –Модар хизмат мекунанд ва вой бар ҳоли фарзандони модарбезору хиёнаткор.

Кош, таърихи рӯзҳои гузашта барои ояндагон дарс бошад, аз фарзонафарзандони миллат дарси мардиву шуҷоат омӯзанду аз хатои гумроҳгаштагон дар ҳазар бошанд. Бошад, ки модарони мо доим хушҳолу хандон дар дуои ҷони фарзандони далеру кордону меҳрубони худ бошанду чашмони меҳрбори эшон бо ашки ғам ҳеҷ гоҳ нам нагардад. 

Шаҳноза КАДИРОВА,

корманди Осорхонаи ба номи А. Рӯдакии ш. Панҷакент

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД