ИДОМААШ...
Прокуратураи ноҳияи Ғончӣ барои тафтиши ин миш-мишҳо бисёр заҳмат ба харҷ дода, билохира парвандаи ҷиноятии ба муқобили Бахтиёр Шарифов оғоз кардаашро бо сабаби бегуноҳии ӯ дар истеҳсолот қатъ намуд.
Ба муаллифи ариза мӯйсафеди Ҷониқул ҷавоби хаттии мукаммали асоснок навиштанд, ки бебаҳс, бо нишондоди Дилафрӯз ва дигар шоҳидон, бо хулосаи ташхиси судӣ-тиббӣ факти аз Бахтиёр писар таваллудкунии Дилафрӯз исбот нагардид. Дилафрӯз Бахтиёрро дар содирнамоии таҷовуз ба номусу шаъну шарафаш ва ё дар содирнамоии алоқаи ҷинсӣ бо худаш гунаҳгор намешуморид, вале сирри ишқварзӣ ва аз кӣ ҳомиладоршавию писарзоияшро махфӣ нигоҳ медошт. Бахтиёр чун моҳи осмон беайбу чун барфи сари кӯҳи баланд бедоғ дониста шуду аризаи мӯйсафед бе далелу беасос эътироф карда шуд.
Ҷониқули бадгумон ҷавобҳои аризаҳои ба мақомотҳои болоии танобкаш аз болои Бахтиёр навиштаашро гирифта, бо вуҷуди он ки Дилафрӯзи духтари банди ҷону ҷигараш Бахтиёрро дар содирнамоии ҳамаи ин гуноҳҳои азими падараш ӯро гунаҳгор мекарда ягон зарра айбдор намешуморид, сар намефуровард. Ҳатто ташхиси судӣ-тиббӣ далели аз Бахтиёр таваллуд накардани Дилафрӯзро собит намуд.
Вале Ҷониқул аз асп фаромада бошад ҳам, аз ҷаҳлу ҷоҳилӣ намефаромад, ки намефаромад. Ҳеҷ ба худ намеомад. Ором намешуд. Дар дили худ ва писаронаш Хуршеду Тухтабой нисбати Бахтиёр рӯз ба рӯз кина мепарварид. Ҳамроҳи фарзандонаш пайти муносибро, вақту соати қулайро барои аз оилаи Шарифовҳо қассоси хунине ситонидан меҷустанд. Ҷониқул аз бадгумонӣ ва ҷаҳлу ғазаб чун мор печу тоб хӯрда, дигар тоқати дидани рангу рӯи ягон аъзои оилаи Шарифовҳоро надошт.
Аз ин гапу калочаҳою миш-мишҳо 4 моҳ сипарӣ гардид. Рӯзи 9-уми майи соли 1992 – рӯзи иди Ғалаба бар фашизми Германия. Дар деҳа одамон ба муносибати ин ҷашни фархунда сайру гашт, тую сӯр, вақтхушиҳо ташкил карда, ин идро бо вақти хушу хотири болида қайд мекарданд. Ҷониқулу писаронаш Хуршеду Тухтабой низ ин идро дар хонаашон бо шукӯҳу шаҳомат, бо дабдаба пешвоз гирифтанд. Бо ҳамсолону дӯстони қаринашон нишаста, то нисфирӯзӣ арақнӯшӣ карда, хуб сархуш шуданд.
Вақте ки Хуршеду Тухтабой масти бода гардиданд, дигар дар миёни чор девори манзили истиқоматиашон ва дар ҳавлиашон нағунҷиданд. Ба кӯча, ба байни мардум баромаданд. Арақ онҳоро ба шерони жаён табдил дода буд. Муштҳояшон мехорид ва тайёр буданд, ки бо ягон нафаре даст ба гиребон шаванд, ба сари ҳамдеҳагонашон қаҳру ғазабашонро мисли барқи осмонӣ пошидан мехостанд. Дере нагузашта, объекти ҳамлаву ҳуҷум ҳам барои ин бародарони масту ҷангҷӯ худ ба худ ёфт шуд. Онҳо бе ягон сабаб дар поёни деҳа ба ҳамқишлоқиашон Эмом Раҳимов дарафтода, ӯро дашномҳои қабеҳи бадахлоқона дода, дукаса то дилашон хунук шудан хуб лату кӯб карданд. Эмом дар назди бародарон- Хуршеду Тухтабой ҳамин қадар “гуноҳи азим” доштааст, ки ӯ сарварии ҷавонони деҳаашонро дар соҳаи варзишгарӣ ба уҳда гирифта, ба онҳо гоҳ-гоҳ дар вақтҳои холигиашон, машқҳои варзишӣ ёд медодааст. Ӯ ҳангоми аз назди Хуршеду Тухтабой ин тарафу он тараф гузаштан, нисбати онҳо нописандиву беэҳтиромӣ зоҳир менамудааст. Ба онҳо бо қизиқ салому алейк намекардааст. Эмом худро шефчаи деҳа вонамуд мекардааст. Он рӯз Хуршеду Тухтабой мастомаст адаби Эмоми бегуноҳро то ба ҳамон дараҷа сахт доданд, ки Эмоми дар хун оғӯштаро бардошта “Ту лаънатӣ, аҷаб сагҷон будаӣ” –гӯён, ҳамчун лӯхтакча ба сари роҳи мошини ба онҳо наздик шудаистодаи Бахтиёр ҳавола доданд, то ин ки ӯ дар таги мошини бо суръати баланд дар ҳаракатбуда монда, ҷон ба ҷонофарин супорад ва душманонашон Бахтиёрро бо ду дасти адаб ба кунҷи зиндон равона намоянд.
Хайрият, ки Бахтиёр дар ин ҳолати фавқуллода саросема нашуда, сари калобаашро гум накарда, ҳушёриву зиракии беҳамто, қобилияти хуби идоракунии мошинро нишон дода, ҷони худ, додараш, завҷааш ва ду мусофири дигари дар салони автомашинааш савор бударо дар хатари азим гузошта, чолокона чамбараки мошинро сӯйи замини шудгор тоб дода, мошинашро чаппа карда, маҷақбод намуд, вале ҷони Эмоми ҷавонро аз вартаи марг раҳонид.
Бахтиёр зуд аз автомашинааш фаромада, Эмомро аз рӯи роҳи мошингард бо ёриву мадади як-ду тамошобинони ин спектакли хунини ташкилкардаи Хуршеду Тухтабой бардошта, як автомашинаи роҳгузарро манъ карда, ӯро ба беморхонаи ноҳияашон равон кард.
ДАВОМ ДОРАД...