Аҳли оилаи Баҳром Шарифови 60-сола ва Ҷониқул Қодирови 54-сола аз рӯзи ба олами ҳастӣ чашм во карданашон дар қишлоқи зебоманзари хушбоду хушҳавои биҳиштосои сераҳолии Хуштоирҷари шӯрои ҷамоати Яхшони ноҳияи Ғончии вилояти Ленинобод (ҳозира вилояти Суғд) ҳамсояҳои дар ба девор буданду дар тӯли зиёда аз ним қарн аҳли ин ду оила доимо дӯсту тифоқ, ёру бародар буданд. Ҳамеша аҳлона сари як дастархон нишаста, як нонро ду пора карда, бо ҳам мехӯрданд. Аз як чойнику як пиёла чой менӯшиданд, дар як табақ хӯрок мехӯрданд. Дар шикасту рехт ва ғаму шодии ҳамдигар ҳамроҳ буданду мададгори доимии якдигар буданд. Аҳли деҳа онҳоро ҳамсоя не, балки акаву додарони ҷонӣ мешумориданд.
Ҳатто фарзандони онҳо дар рӯи дастони ҳамсарони ҳамдигарӣ таваллуд шуданду ҳамсаронашон дар ҷараёни таълиму тарбия ва ба воярасонии фарзандони ҳамдигар ҳиссаи калону бебаҳо гузошта буданд. Хуллас, дӯстию бародарӣ, рафоқати онҳо чунон решаи мустаҳкам давонда буд, ки ба гуфтаи халқ аз байни ин ду оилаи намунавӣ қил ҳам намегузашт. Ҳамдеҳагон аз ин қадар бо ҳам наздику решапайвандшавии аҳли ин ду оила ҳасад мебурданд.
Вале аз дӯст шуд ё аз душман, аз худӣ шуд ё аз бегона, ки дӯстию бародарии нимасраи ду оилаи аҳлу тифоқ абадӣ халалдор гардида, ба душмани ҷонии ҳамдигар мубаддал гардиданд ва оқибат ба сари ҳардуи ин оила бадбахтии азиме омад.
Фоҷиаи вазнину гӯшношуниду чашмнодид аз он сарчашма гирифт, ки зимистони соли 1992 духтари ноболиғи Ҷониқул Қодиров-Дилафрӯзи 17-сола ногаҳонӣ бе никоҳ, бе шавҳар фарзанд таваллуд кард. Ин хабарро падари Дилафрӯз- Ҷониқул ҳамчун фоҷиаи мудҳишу нанговартарин барои тамоми аҳли зоту авлодашон қабул намуд. Гӯё, ки осмони соф ба болои сари ин оила фурӯ рафта бошад.
Падари Дилафрӯз дар ин ҳолату вазъияти ногувори рухдода вазифадор буд, ки ақли солимро кор фармуда, ин ҳодисаи ноҷурро бо ҳалимию ширинзабонӣ меҳрубонӣ, бо сабру таҳаммул ҳаллу фасл намояд. Аз таги дили Дилафрӯзи ҷавону ҳоло ягон зарра таҷрибаву сабақи рӯзгордориро надидаву намедонистагӣ даромада, сабабу омилҳои бе шавҳару бе никоҳ фарзанд таваллуд кардани ӯро ва кӣ будани падари тифлашро муқаррар намояд. Бояд коре карда, ҷавони дилдодаашро бо волидонаш ба машварату маслиҳат, мусолиҳа даъват намуда, аз пайи ташкили оилаи дӯсту тифоқу намунавии ин ду ҷуфти кабӯтар шуда, онҳоро абадӣ хушбахту аз ҳамдигар шоду масрур менамуд. Вале ҷараёни ҳодисаҳо дар оилаи Ҷониқул Қодиров ғайричашмдошт ҷараён гирифтанд. Ҳар гуна овозаҳои бемаънию беасоси иғвогаронаи мухолифи ҳамдигарӣ оиди ин ҳодиса барқвор дар деҳа паи ҳам паҳн шудан гирифтанд.
Яке мегуфт, ки Дилафрӯз бо Бахтиёри писари ҳамсояашон Баҳром Шарифов ишқварзӣ карда, ин писарро аз ӯ таваллуд кардааст. Гарчанде, ки Бахтиёр зану 4 фарзанд дошта, синну солаш ҳам ба ҷое расидааст. Дигаре мегуфт, ки Дилафрӯз бо Бахтиёр нею бо фалонию беҳмадонӣ ҷону ҷигар будааст. Ҳамин тавр, ин рӯйдод мавзӯи рақами яки миш-мишу пичир-пичири тамоми мардуми қишлоқ гардида буд. Ба гуфти мардум “Дарвозаи шаҳрро баста мешуду даҳони ҳамдиёронро не”.
Мӯйсафеди Ҷониқул ба асли воқеа ҳамаҷониба сарфаҳм нарафта, бо духтараш Дилафрӯз аз сидқ гуфтугӯю тагпурсӣ нанамуда, аз сирри пинҳонии дар дил доштаи ӯ бохабар нагардида, бо аризаи пурмуҳтавою бодабдаба ба прокуратураи ноҳияи Ғончӣ муроҷиат намуда, бо исрор талаб намуд, ки онҳо таъҷилан писари ҳамсояаш Бахтиёри таҷовузкорро барои ба шаъну шараф ва номуси духтари ноболиғаш Дилафрӯз дастдарозӣ карданаш ҷазои сазовор диҳанд. Вагарна ӯ худаш худсарона худсудкунӣ ташкил карда, ба Бахтиёри зиногар ҷазои сахту сангин медиҳад. Бо хуни ӯ ин доғи нангинро мешӯяд.
Дар ариза ҳамин қадар асосу далел оварда шуд, ки аҳли деҳа ва худи аризадиҳанда дар давоми як соли охир чандин бор бо чашмони худ Дилафрӯзро савори автомашинаи сабукрави шахсии Бахтиёр дидаанд.
Дар байни халқ мақоле мавҷуд аст, ки ҳар кас ба ин ва ё он ҳодиса, воқеа, рӯйдод аз рӯи дараҷаи покии виҷдону ахлоқи худ баҳо медиҳад. Ҷониқул, ки худаш дар овони ҷавонӣ, бо ҳукми суди ноҳияи Ғончӣ барои содир намудани таҷовуз ба номуси духтаре ба муҳлати 3 сол аз озодӣ маҳрум шуда, дар паси панҷараи маҳбусхона адои ҷазо намуда баромада буд, дар симои ҳама мардон таҷовузкорону бадахлоқонро медид.
Агар Ҷониқул худаш ахлоқан вайрон намебуд, магар як факти хушку холии якчанд бор бо дилу нияти пок духтари ҳамсояашон Дилафрӯзро аз сари роҳу рӯ ба мошинаш савор карда, то ба назди хонаашон оварда расонидани Бахтиёрро барои аз болои ӯ ба нишонии идораҳои болоии танобкаши ноҳия иншо кардану фиристодани аризаҳои сар то ба по дурӯғу туҳматангез истифода мебурд? Албатта не.
Аммо афсӯс, ки аз шиддати қаҳру ғазаб ҳисси қассосгирӣ дар вуҷуди Ҷониқул ғалаба кард. Ҳодисаи бе шавҳар, бе никоҳи мусулмонӣ кӯдакзоии Дилафрӯз ба як алангаи калони оташ табдил ёфта, ба решаи ҳамсоягии аҳлу тифоқи нимасраи оилаҳои Ҷониқул Қодиров ва Баҳром Шарифовҳо фурӯ рехт ва алангаи оташи сӯхтори дӯстию бародарии ин ду оилаи намунавӣ ба фалак печид. Яъне, хашму ғазаб ақлу хирад, сабру тоқати мӯйсафеди Ҷониқулро рабуд.
ДАВОМ ДОРАД...