Ҷангу ҷанҷолҳои бемаънии ҷавонон барои ҳар як майда-чӯйда баъзан боиси сар задани фалокат ва фоҷиаҳои хунин мегардад.
Ҳодисаи нохуше, ки рӯзе қабл дар ноҳияи Рӯдакӣ сар задааст, далели равшани ин гуфтаҳост...
Вазорати умури дохилии кишвар аз боздошти як ҷавони 24-солаи сокини ноҳияи Рӯдакӣ хабар додааст, ки дар авбошию кордзанӣ ва расонидани зарари вазнин ба саломатии шахси дигар муттаҳам дониста мешавад.
Ба иттилоъи манбаъ, шоми 29-ноябр, тахминан соатҳои 18.00-и бегоҳ байни ин ҷавон ва як ҷавони 17-солаи дигар баҳсу мунозира ба миён омада, дар рафти ин моҷаро ҷавони 24-сола ҷавони 17-соларо, ки ӯ низ сокини ноҳияи рӯдакӣ будааст, 3 корд задааст.
Ҷабрдида бо ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ба беморхона интиқол ёфта, тафтишоти ин қазия аз ҷониби кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дорад.