Formula novemver 2024
Моҷарои ҳиҷоб донишҷӯдухтари эрониро ба девонахона бурд
815

Дар Эрон як духтари донишҷӯ ҳамчун рамзи эътироз ба муқобили фишор ва маҳдудиятҳо алайҳи занону духтарон дар саҳни донишгоҳ либоси худро бадар намуда, нимаурён шудааст. Донишҷӯдухтари эътирозгар аз ҷониби пулис боздошт шуда, тақдири минбаъдааш то ҳол маълум нест.

Ба навиштаи манбаъҳои интернетӣ, як духтари донишҷӯ ҳамчун рамзи эътироз дар Донишгоҳи Теҳрон қисман либоси худро бадар намуда, нимаурён шудааст. Гуфта мешавад, ки кормандони амният ба ин духтар барои риоя накардани пӯшиши ҳиҷоб фишор меовардаанд.

Дар бархе аз расонаҳо хабаре паҳн гаштааст, ки либосҳои духтари исёнгарро кормандони амният дар танаш пора-пора кардаанд, вале шоҳидони ҳодиса гуфтаанд, ки худи духтар ҳамчун рамзи эътироз либосашро дар саҳни донишгоҳ бадар намуда, нимаурён шуд.

Кормандони пулис духтари исёнгарро бо худ бурдаанд ва тақдири минбаъдаи ӯ то ҳол маълум нест.

Аммо намояндагони донишгоҳ гуфтаанд, ки ин духтар бемории равонӣ дошт ва ӯро барои табобат ба беморхонаи касалиҳои рӯҳӣ бурданд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД