Ман Мирзоев Ашӯралӣ, соли таваллудам 1958, сокини деҳаи Нодирии ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод мебошам. Бо ҳамсарам 45 сол боз зиндагӣ дорам, аммо дар ин муддат соҳиби фарзанд нашудем.
Намедонам, айби ман буд ё айби ҳамсарам, ки ҳатто баъди доруву дармони зиёд низ нахли умри мо бор наовард. Баъдан ба тақдир тан додему то ҳол зиндагии якҷоя дорем. Бинобар ин, баъди маргам номам ба гӯшаи фаромӯшӣ наравад гуфта, ба корҳои ободкорию бунёдкорӣ машғул шудам. Аз соли 1972 то соли 1990, давоми 18 сол дар шӯъбаи ҷамъияти сиёсии “Телевизиони Тоҷикистон” фаъолият карда, соли 1990 бо сабаби бемориам аз кор озод шудам. Барномаҳои “Муҳаббат ва оила”, “Аз зали суд”, “Одам, нақлиёт ва роҳ”, “Муҳити маънавӣ” ва дигар барномаҳоро пеш мебурдам. Се маротиба хонаи Худоро зиёрат кардаам.
Модарам шаш сол қабл ва падарам ду сол пеш дар синни 98-солагӣ бандагӣ карданду мо фарзандон-як писару се духтар бесарпаноҳ мондем. Баъди сари падару модарам фикр мекардам, ки апаам Атоева Мамлакат моро соҳибӣ мекунад, вале фикрам ғалат баромад. Апаам ба ҷои он ки мани бефарзандро дастгирӣ кунаду пушту паноҳи ман шавад ва чароғи хонаи падарро фурӯзон нигоҳ дорад, баръакс ба манфиати худ кор карда, мақсадаш аз худ кардани молу мулки падар ва фурӯхтани хонаи меросӣ будааст, ки ин мақсади ӯро дертар фаҳмидам. Аввал 11 сар моли майдаи падарамро аз худ кард. Баъди вафоти падарам ҳуҷҷатҳои хонаро гум кардем ва танҳо баъди ду сол маълум шуд, ки ҳуҷҷатҳои хонаро апаам дуздида, бо роҳи пинҳонӣ хонаро аз ман гирифтанист. Дар ин кор аммаҳоям Келдиёрова Ҳабиба ва Таймуродова Ҳалима ба апаам кӯмак мекунанд, то ӯ ҳарчӣ зудтар хонаву дарро аз дасти ман бигирад.
Хоҳарам директори мактаб ва бисёр зани оқилаю донишманд аст, ки аслан ба корҳои дуздию азхудкунӣ майл надорад. Аммо апаам бо панҷ писараш маро аз хонаи падар маҳрум кардан мехоҳанд. Фарзандони апаам маро аз ҷон безор кардаанд. Ҳар рӯз ба дари хона омада, таҳдид мекунанд, ки барои ба номи онҳо гузаронидани ҳуҷҷатҳои хона имзо гузорам. Падарам ногаҳон вафот кард ва бинобар ин, ман ягона писари ӯ, ки ҳастам, хона ба ман мерос мемонад ва беиҷозати ман касе ҳаққи худсарона гирифтани хонаро надорад. Мақсади ба сомонаи “Оила” муроҷиат карданам ҳамин аст, ки мақомотҳои дахлдор нисбати апаам ва фарзадони ӯ чора андешанд. Ману ҳамсарам фарзанд надорем гуфта, магар ба хонаи падарӣ низ ҳақ надорем? Айб нест, ки дар дами пирӣ ба хонаи пиронсолон рафта, зиндагӣ кунем?
Хонаи падарам соли 1968 бунёд шудааст ва ҳамсари ман 37 сол хизмати хушдоману 43 сол хизмати хусурро кардааст. Ҳамин моҳи ноябр ба синни 63 қадам мегузорам ва Худо медонад, ки чанд соли дигари умрам мондааст. Агар апаам он қадар ба хонаи падар меҳр дошта бошад, марги маро мунтазир шавад. Баъди сари ман хонаро чӣ коре мехоҳанд, бикунанд. Аммо то зинда ҳастам, ба касе иҷозат намедиҳам, ки хонаи падарамро аз ман зӯран гираду фурӯшад ё ба манфиати худ истифода барад. Ман мехоҳам чароғи хонаи падарам фурӯзон бошад. Ҳамаи ҳамин гапҳоро дар сомона нависед, то мардум хонанду донанд, ки имрӯз ҳатто миёни фарзандони падар меҳру муҳаббат боқӣ намондааст. Миннат нашавад, ба апаам дар вақташ кӯмакҳои зиёд кардаам, аммо боварӣ надоштам, ки имрӯз чунин корро бар ман раво мебинад.
Чанд сол пеш бо харҷи 200 ҳазор сомонӣ аз ҳисоби худам ба деҳа хатти оби нӯшокӣ кашидам, ки мардум аз беобӣ азият накашанд. Як муаллима буд, ки ҷои зист надошт. Аз ҳисоби худам ба ӯ хона сохта додам, аммо имрӯз бо шарофати фарзанди падарам аз хонаи меросии падар маҳрум шуда истодаам. Оромгоҳи ҷамоати деҳоти Меҳрободро бо 7 ҳазор доллар обод кардам. Аслан, намехоҳам ин ҳамаро ёдовар шавам, аммо маҷбурам. Чанд маротиба дар хусуси корҳои апаам ба мақомотҳои дахлдор муроҷиат кардам, аммо ҷавоби мушаххас нагирифтам. “Тоқат кунед” мегӯянду халос. Аммо дигар тоқат карда наметавонам, чун косаи сабрам лабрез шудааст. Бори дигар хоҳиш мекунам, ки мақомотҳои дахлдор дарди дили маро гӯш кунанд ва аз рӯйи қонун кор карда, нисбати апаам ва фарзандонаш чора андешанд.
Ашӯралӣ МИРЗОЕВ,
сокини ноҳияи Файзобод