Дар Тоҷикистон шурӯъ аз имрӯз (1 июн) имтиҳоноти дохилшавӣ ба донишгоҳу донишкадаҳои олӣ тавассути Маркази миллии тестӣ оғоз шуд. Тибқи маълумоти дафтари матбуотии Марказ имтиҳонҳои аввалин барои довталабоне, ки гурӯҳи ихтисосҳои 1-ум (табиӣ ва техникӣ) - ро интихоб кардаанд, имтиҳон дар қисми А сар шуд.
Қисми А аз чор субтест иборат аст, ки барои гурӯҳи ихтисосҳои зикршуда фанҳои забони тоҷикӣ, математика, химия ва физикаро дар бар мегирад. Дар ин қисми имтиҳон довталаб субтести забони тоҷикиро ҳатман ба забони тоҷикӣ ва субтестҳои дигарро, вобаста аз забони имтиҳонсупорӣ, ки ҳангоми бақайдгирӣ интихоб кардааст, ба забони тоҷикӣ ё русӣ месупорад. Барои қисми А 220 дақиқа муқаррар шудааст.
Ба иттилои дафтари матбуоти Марказ соли 2020 шумораи умумии довталабони дорои таҳсилоти миёнаи умумӣ (синфи 11-ум), ибтидоӣ ва миёнаи касбии дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшуда 98840 нафарро ташкил додааст.
Аз ин шумора имрӯз дар ин имтиҳон иштироки 16 ҳазору 601 нафар довталаби дар марҳалаи асосии бақайдгирӣ номнависшудаи гурӯҳи ихтисосҳои 1-умро интихобкарда дар назар дошта шудааст.
Гуфта мешавад, ки давраи асосии имтиҳонҳо мувофиқи ҷадвали муқарраршуда аз 1-ум то 7 уми июл дар 48 маркази имтиҳонӣ дар 18 шаҳру ноҳия доир мешавад.
Ба иттилои Маркази миллии тестӣ бо мақсади дар сатҳи зарурӣ баргузор кардани имтиҳонҳо дар шароити паҳншавии бемории COVID-19 тамоми чораҳои безараргардонӣ андешида мешаванд. “Пеш аз воридшавии довталабону шахсони дигар ба маркази имтиҳонӣ ҳарорати бадани ҳар яки онҳо санҷида мешавад”, - навиштааст масъули дафтари матбуотии Марказ.
Барои ташкил, баргузорӣ ва идораи имтиҳонҳо, ба ғайр аз кормандони асосии Марказ, беш аз 2350 нафар корманди муваққатии дар асоси озмун интихобгардида, ки бо онҳо шартномаи меҳнатӣ баста шудааст, ҷалб карда шудаанд. Барои назорат ва ёрии амалӣ расонидан дар омода кардани марказҳои имтиҳонӣ, назорати раванди имтиҳон дар марказҳои имтиҳонӣ ва мониторинги он, инчунин барои қабули қарори дахлдор дар сурати рух додани мушкилот 120 нафар ҳамчун намояндаи ваколатдори Марказ ба марказҳои имтиҳонӣ равона карда шудаанд. Кормандони муваққатию доимӣ ва шахсони дигари дар марказҳои имтиҳонӣ ба кор ҷалбгардида, ки бевосита бо довталабон кор мекунанд, бояд ниқоби тиббӣ ва дастпӯшакҳои резинии тиббӣ пӯшанд.
Корҳои тамизгардонӣ (дезинфексия) як рӯз пеш аз оғози имтиҳонҳо шурӯъ гардида, дар ин рӯз тозакунии ҳамаи синфхонаҳои имтиҳонӣ ва ҳуҷраҳои дигар ба пуррагӣ анҷом дода шуд. Корҳои дезинфексионӣ ба таври ҳатмӣ ҳамарӯза пас аз баргузории имтиҳонҳо низ роҳандозӣ мешаванд. Ҳар маркази имтиҳонӣ вобаста аз шумораи довталабону дигар шахсони дар маркази имтиҳонӣ ҳузурашон пешбинишуда бо оби нӯшокӣ (барои ҳар як нафар дар зарфи алоҳида) таъмин карда шудааст.
Дар ҳар як маркази имтиҳонӣ бунгоҳи тиббӣ ташкил гардида, бо кормандони тиб ва маводди зарурӣ барои ёрии аввалини тиббӣ таъмин карда шудааст. Пеш аз воридшавии довталабону шахсони дигар ба маркази имтиҳонӣ ҳарорати бадани ҳар яки онҳо санҷида мешавад. Барои санҷидани ҳарорат аз дастгоҳи ҳароратсанҷи фосилавӣ (ғайритамосӣ) истифода карда мешавад.