Тамоми намудҳои меваю сабзавот аз витамин ва минералҳо бой мебошанд.
Бояд гуфт, ки натанҳо ҷисм,балки пӯсти инсон низ ба витаминҳо ниёз дорад, бинобар ин, аз эҳсони тирамоҳи заррин истифода бурда, аз меваю сабзавот ниқобҳои муфид тайёр кунед ва зебову ҷавон бимонед.
Ниқоб аз банан
Ниқоби аз банан омодашуда барои нафароне тавсия дода мешавад, ки пӯсти худро нарм ва тоза кардан мехоҳанд. Ними банан, 1 қошуқча асал ва 1 қошуқча содаи хӯрокаро нағзакак омехта намуда, ба пӯсти рӯй молед. Баъди 15 дақиқа рӯятонро бо оби ширгарм шӯед.
Ниқоб аз себ ё нок
Як дона себ ё ноки калонро аз турбтарошаки сӯрохиҳояш хурд гузаронед. Ба он як қошуқ шарбати ангур ва ним қошуқча равғани растанӣ илова намоед. Маҳлули омодашударо ба пӯсти рӯй молида, баъди 20-25 дақиқа бо салфетка тоза кунед.
Ниқоб аз помидор
Як истакон шарбати помидорро бо сафедии латзадаи тухм омехта намуда, як қошуқ шарбати лиму ва чанд қатра шарбати себ илова кунед. Маҳлулро ба пӯсти рӯй молида, баъди 10-12 дақиқа бо оби ширгарм шӯед. Ниқоби мазкур бар зидди ожанги рӯй пешбинӣ шудааст ва барои ба даст овардани натиҷаи беҳтар онро баъди 2-3 рӯз истифода баред.
Ниқоб аз картошка
Картошкаи дар об пухташударо нағзакак лат зада, зардии як дона тухмро бо 2 қошуқча равғани зайтун омезиш диҳед. Ба маҳлули тайёршуда 2 қошуқ шарбати лиму ва як қошуқча асал илова карда, ба пӯсти рӯй молед ва баъди 20-25 дақиқа бо оби ширгарм шӯед. Ин ниқоб барои бонувоне тавсия дода мешавад, ки пӯсти рӯяшон пажмурда гаштааст.