Formula novemver 2024
Мӯъҷизаи навбатӣ дар Туркия
1144


Бар асари заминларзае, ки дар вилояти Адиямани Туркия рух дод, ҳодисаи бесобиқа ба амал омад. Дар деҳаи Озани ноҳияи Голбошӣ бар асари заминларза хонае як метр ба ҳаво баланд шуда, ду метр ба паҳлӯ ҳаракат кардааст.

Дар ин бора ба истинод аз шоҳидони воқеа, хабарнигори CNNturk Сердар Эр хабар медиҳад. Назар ба гуфти ӯ хона бо таҳкурсияш як метр боло рафта, аз ҷойи қаблияш ду метр дур рафтааст.

Соҳиби хона Эмин Атмача гуфтааст, ки шаби заминларза хона дар ҳаракат буд. Ӯ гумон кардааст, ки хона роҳ меравад. Муҳандиси геолог Акин Курчер суханони соҳибхонаро тасдиқ карда гуфтааст, ки ӯ ҳангоми тадқиқот барои муайян кардани он, ки хатти шикаста аз куҷо гузаштааст, ба ин манзара дучор шудааст. Ба гуфтаи муттахассисон, ғайричашмдошт аст, ки хона комилан кӯчида шавад.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 6-уми феврал зилзилаи сахте Туркияро такон дод. Ин зилзила дар баробари харобиҳо ва хисороти зиёд овардан мӯъҷизаҳои гушношунидеро нишон дод. Аз ин рӯ коршиносон заминҷунбии Туркияро фоҷиаи аср номидаанд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД