Хигиеника
Митинг ва гирдиҳамоӣ алайҳи “Омикрон” ва карантин
998

Пас аз паҳн гаштани штамми нави бемории коронавирус бо номи "Омикрон" иддае аз кишварҳои ҷаҳон бо мақсади пешгирии хурҷӯи навбатии беморӣ ва беҳдошти саломатии мардум алайҳи коронавирус чораҳои мушаххас андешида, баъзе маҳдудиятҳо ҷорӣ намуданд. Дар Голландия қисман карантин ҷорӣ карда шудааст ва ҷойҳои ҷамъиятӣ аз ҷумла, клубу тарабхона ва мағозаву дӯконҳое, ки маҳсулоти хӯрока намефурӯшанд аз соати 17 : 00 фаъолият намекунанд.
Ҷомеаи ҷаҳонӣ аз боз ҷорӣ шудани карантин ва маҳдудиятҳо ба хашм омада, бар муқобили чораҳои дар доираи мубориза алайҳи коронавирус андешида шуда эътироз баён менамоянд. Назар ба навиштаи сомонаи "Даракчӣ. Уз" рӯзи шанбе дар Нидерландия одамон ба кӯчаҳо баромада, бар зидди чораҳои алайҳи коронавирус эътироз намуданд. Дар Австрия бошад, эътирозгарон бетартибиро сар карда, ҳамчун разми эътироз панҷараҳоро вайрон намудаанд. Кормандни пулис маҷбур шуданд ки барои пароканда кардани эътирозгарон аз гази ашковар истифода баранд.
Дар шаҳри Вена барои хмӯш кардани оташи қаҳру ғазаби эътирозгарон 1200 полис ҷалб карда шудааст.
Рӯзи шанбе дар маркази Барселона ҳазорҳо одамон бар зидди ваксинатсия эътироз намудаанд. Онҳо дар вилояти мухтори Каталония аз қайд шудани "Ковид" дар шиносномаҳо норозигӣ баён намудаанд. Бояд қайд кард ки тахминан 90 %-и аҳолии Испания алайҳи коронавирус ваксина гирифтаанд.
Дар Франсия духтурон то вазорати тандурустӣ рафта талаб намудаанд, ки шароити беморхонаҳо беҳтар карда шаванд.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД