Мирзоумари Мирзоаҳмад: Саҳна ба ман неруи ҷавонӣ медиҳад
176

Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Мирзоумари Мирзоаҳмад аз чеҳраҳои муваффақу шинохтаи театру синамост. Ӯ тавонистааст бо нақшҳои мондагор, пурмаънову самимӣ ва саҳнаҳои ҳаҷвии намакинаш, ки бо маҳорату истеъдоди баланд офарида шудаанд, таваҷҷӯҳи ҳазорҳо тамошобинро ба худ ҷалб созад. Ин ҳунарманди маъруфу маҳбуби халқ 24 сентябр 64-умин солгарди ҳаёташро таҷлил кард. Ба ин муносибат бо Мирзоумари Мирзоаҳмад мусоҳибае оростем, ки фишурдааш манзуратон мегардад.

- Мегуфтед, ки кадом лаҳзаҳои аввалини фаъолияти ҳунариятон дар хотираатон нақш бастааст ва чӣ боис шуд, ки ба олами театр рӯй оваред?

- Мо ҳамроҳи волидайн пайваста ба намоишҳои театрӣ мерафтем. Намоише набуд, ки онро тамошо накунему накарда бошем. Бори аввал ба тамошои намоишномаи "Темурмалик", ки дар театри зебою барҳавои Хоҷа Камоли Хуҷандӣ гузошта шуда буд рафтам. Саҳни гулзору гулпӯши бинои театр, сутунҳои зебо, сақфи мунаққаш ва қолинҳои сурх маро мафтун мекард. Театр, ки дорои оркестр буд дар як тараф ҷӯркунии мусиқӣ бо шавқу завқи том идома дошт. Ин ҳама боис гашт, ки ман ба олами ҳунар рӯй орам. Ҳамин тавр, ба Донишкадаи санъати Тоҷикистон дохил шудам. Дар он ҷо ба мо устодони забардасти санъати тоҷик устод Хушназар Майбалиев, Фаррухи Қосим, Шамсӣ Қиёмов, Аскар Абдураҳмонов, Аҳмадҷон Қодиров, Назар Назаров, Ҳотами Нур, Гулчеҳра Нӯъмонова, Азиза Азимова ва дигар бузургони соҳа сабақ меомӯхтанд. Пас аз хатми донишкада фаъолияти ҳунариямро дар ҳамин театри бузургу муқаддаси Камоли Хуҷандӣ оғоз кардам. Аз лаҳзаҳои нахуст маро саркоргардони ҳамонватқаи театр, Арбоби ҳунари Тоҷикистон шодравон Ислом Саломов бо суханони илҳомбахш, сӯйи олами бузурги санъату ҳунар роҳнамоӣ карданд. Ман ин шахсияти бузурги фарҳангиро падари маънавии хеш меҳисобам. Ин устоди меҳрубон ва инсони нексиришту некгуҳар ҳамеша дар канорам буданд. Аз шодравон Ислом Саломов ва дигар устодони театр, ки роҳнамоӣ мо буданд ҳамеша миннатпазирам. Ифтихор мекунам, ки дастпарвари чунин устодони бузурги санъати тоҷикам.

- Аксарият шуморо дар образи Хоҷа Насриддин мешиносанд...

- Баде, соли 1993 устод Сайрам Исоева намоишномаи ҷолиберо рӯи саҳна оварданд. Он аз ҳаёти ҳаҷвомези Хоҷа Насриддин ва панҷ зани ӯ ҳикоят мекард. Нақши занҳоро устодони варзидаи санъат мебозиданд. Дар байни онҳо ман аз ҳама ҷавон будам. Ҳамон вақт устод Сайрам Исоева таъкид карданд, ки ин намоишномаро махсус барои Шумо интихоб кардам. Намоишнома, ки дар асоси латифаҳои воқеӣ аз рӯзгори Хоҷа Насриддин офарида шудааст, зуд миёни дӯстдорони театр шӯҳрат пайдо кард. Аз ҳамон рӯз инҷониб дар рӯзи ханда, чорабиниҳои фарҳангӣ фароғатӣ образи Хоҷа Насриддинро мебозам. Бо гузашти солҳо бо ташаббуси Сайрам Исоева театр тасмим гирифт намоишномаро дубора рӯи саҳна оварад. Хушбахтона он аз ҷониби мухлисони театр хуш пазируфта шуд.

- Кадом образи офаридаатон ба рӯзгору зиндагӣ ва рафтору кирдори шумо монанд аст?

- Табиатан инсони шӯхам. Шӯхиро дӯст медорам. Доимо бо рафиқон, ҳамкорон ҳазлу шӯхӣ мекунам. Оромтабиатам. Ҳасуд намеварзам. Аз дастоварди ҳамкорон меболам. Бо дарназардошти ин ҳамон образе, ки дар намоишномаи "Абдуи Хуҷандӣ" офаридаам дӯст медорам. Фикр мекунам ҳамон хислатҳое, ки қаҳрамонам дорад, дар ман ҳаст.

- Зиёда аз 40 сол мешавад, ки шумо дар саҳна ҳастед. Саҳна ба шумо чӣ дод?

- Саҳна ба ман нерӯ бахшид, нерӯи ҷавонӣ. Ҳарчанд имрӯз 64-солаам, вале худро чун ҷавони 30-сола эҳсос мекунам. Шукргузорам, ки то ин дам ҳатто як бор ҳам назди табиб нарафтаам, номи доруро намедонам ва ҳеҷ гоҳ варақаи корношоямӣ (бюллетен) нагирифтаам. Зеро саҳна ба ман нерӯ, саломатӣ ва эҳсоси ҷавонӣ мебахшад. Саҳна ба ман нону ном дод. Албатта, имрӯзҳо каму беш мардум маро ҳамчун ҳаҷвнигор ва ҳунарманди театру кино мешиносанд. Хуллас ҳаётамро бе саҳна тасаввур карда наметавонам. Мана солҳост, ки ман дар оғӯши театраму театр дар оғуши ман аст.

- Дар "Хандинкамон" чанд сол фаъолият кардед ва чӣ хотираҳо доред аз ин театрстудия?

- Театрстудияи «Хандинкамон» соли 2003 таъсис ёфт. Аз ҳамон вақт роҳбарии онро дӯсти азизамон Муқимҷон Абдуфаттоев ба зимма доштанд. Аз рӯзҳои нахуст борҳо маро ба кор даъват карданд. Ҳайрон мешудам, ки чӣ тавр дар ту театр фаъолият кардан мумкин аст. Ҳамон вақт саркоргардони театри Камоли Хуҷандӣ Барзу Абдураззоқов буданд. Мо дар озмуну фестивалҳои ҷаҳонӣ ба кишварҳои зиёд сафари ҳунарӣ доштем. Қисса кӯтоҳ соли 2006 ба театрстудияи "Хандинкамон" ҳам ба кор даромадам ва то соли 2017 фаъолияти ҳунариямро идома додам. "Хандинкамон" мухлисони бешумор дошту дорад. Ҳеҷ як гӯшаю канори Тоҷикистон намонда буд, ки мо он ҷо барномаи ҳунарӣ нагузошта бошем. Чиптаҳои мо ҳамеша талош мешуд. Ин ҳама нишонаи муҳаббати халқ ба театри мо буд ва албатта, хотираҳои он солҳо барои ман хеле ширин ва фаромӯшнашавандаанд.

- Аксарият шуморо ҳамчун ҳаҷвнигор мешиносанд. Таваҷҷӯҳи мардум ба як ҳунарманд берун аз саҳна чӣ гуна аст?

- Ҳар як барномаи театрстудияи "Хандинкамон" ба фитаҳо сабт шуда, дастрасӣ тамошобин мегашт. Мардум ин фитаҳоро ҳамеша пазмон буданд. Ҳоло ҳам чунин фитаҳо дар хонаҳои мардум ҳаст.   Боре ба осоишгоҳи Истаравшан ба истироҳат рафта будам. Марде наздам омада гуфт, ки ҳамаи сабти барномаҳои "Хандинкамон"- ро дорад. Ӯ ҳатто матни саҳнаи ҳаҷвии "Хостгори"-ро пурра аз худ карда будааст. Ҳарчанд 8 сол аст, ки дар ин театр-студия фаъолият намекунам, ҳамон дар зеҳни мардум ҳамчун "бобо"-и театр-студияи "Хандинкамон" ҷой гирифтаам.

- Ҳаҷви имрӯзаи тоҷикро чӣ гуна арзёбӣ мекунед?

- Мутаассифона сол аз сол жанри ҳаҷв бо ду по мелангад. Баъзан саҳнаҳоеро дар шабакаҳои ютуб мебинем, ки ҳатто дар он суханҳои қабеҳ истифода шудаанд. Ҳаҷв бояд дар худ як ҳадафи муайян дошта бошад. Вақте ҳаҷви устодони соҳибмактаб Убайдулло Раҷабов, Аловуддин Абдуллоевро мебинед, дар он мазҳака, масъалагузорӣ ва танқиди камбудии ҷомеа баралло нишон дода шудааст. Афсӯс, ки мо имрӯзҳо ҳаҷвнависи хуб надорем. Ҳоло ҳаҷвнигори маъруф Муқимҷон Абдуфаттоев худашон менависанду ба саҳна мегузоранд. Кӯшиш мекунанд бо ҳаҷви ҳадафрас мушкилии ҷомеаро нишон диҳанд.

- Ҳоло ба 64-солагӣ қадам гузоштед, 64 соли ҳаёти хешро чӣ гуна шарҳ медиҳед?

- Ман худро инсони хушбахт меҳисобам. Пеш аз ҳама, барои он ки соҳиби як хонаводаи солим ва пурмаҳаббат ҳастам. Ҳамсарам омӯзгор аст ва ман аз ин издивоҷ ифтихор мекунам. Албатта, барои ҳунарманди шоистаи Тоҷикистон шуданам, саҳми оила, хоса ҳамсари меҳрубонам хеле бузург аст. Соҳиби се фарзанду 12 набера мебошем ва абераи аввалинро интизорем. Шукр мекунам, ки дар хонаводаи маърифатпарвар, дорои фарҳангу маънавият таваллуд шуда ба камол расидаам. Агар ба ҷавонӣ баргардам боз аз пайроҳаи ҳунар меравам.

- Аз фаъолияти ҳунарии худ қонеъ ҳастед?

- То имрӯз қариб дар 100 намоиши театрӣ, саҳнаҳои ҳаҷвӣ ва якчанд филм нақш офаридаам. Дар бештари он   нақшҳои асосиро бозидаам. Ба наздики дар филми "Дурахши ахтарон -Ҷомӣ ва Навоӣ" нақши эпизодии зарфурӯшро бозидам. Лекин фикр мекунам дар 43 соли фаъолияти эҷодӣ ҳоло нақши табъи диламро набозидаам. Нақши табъи дили ман шоҳасарҳои ҷаҳонӣ аз ҷумла асарҳои драматургони ғарб ба монанди Софокл, Еврипид, Шиллер, Шекспир ва дигар асарҳои маъруф мебошанд, ки ҳунарманд дар он месабзад. Шукргузорам, ки бо беҳтарин коргардонҳои хориҷаву ҷумҳурӣ аз ҷумла, Давлати Убайдулло, Абдулҳафиз Қодирӣ, шодравон Шавкат Халилов, коргадони Ҷумҳурии Ӯзбекистон Олим Салимов ва коргардони Фаронса Кристоф Петрие ҳамкорӣ доштам.

- Ташаккур зиёд барои чунин суҳбати самимӣ. Шуморо аз номи кулли мухлисони азизатон бо рӯзи мавлудатон табрик мекунем. Бароятон тани сиҳат, иқболи баланд ва хушҳоливу хушнудии бардавом таманно дорем.

Мусоҳиб: Абдуғаффор ШОДИЕВ

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД