Sebiston new 2024 october
МИРЗОМАЛИК ГУЛНИГОРРО КОРДБОРОН КАРДУ ....
1752

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон аз боздошти як сокини ноҳияи Ҷайҳун хабар медиҳад, ки дар қатли ҳамсараш муттаҳам мешавад.
Тибқи иттилои Офоқи Қодириён, сухангӯи Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар Хатлон, бо иттилҳоми қатли ҳамсар сокини ҷамоати шаҳраки Дӯстии ноҳияи Ҷайҳун 

Ба иттилои манбаъ, боздоштшуда дар заминаи муноқишаву ҷанҷолҳои оилавӣ ҳамсараш Мирова Гулнигор 34-соларо, дар пайи рашки беасос, дар дохили бошишгоҳи саҳроӣ, бо корди хоҷагӣ бо як бераҳмии махсус чанд маротиба ба узвҳои муҳими баданаш задааст.

Гуфта мешавад, ҷабрдида дар ҷойи ҳодиса, аз ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонии бардоштааш ба ҳалокат расидааст.

"Баъдан Султонов М. бо корд ба бадани худ низ чанд зарба мезанад",- афзудааст манбаъ.

ВУД мегӯяд, нисбати Султонов Мирзомалик дар Прокуратураи ноҳияи Ҷайҳун парвандаи ҷиноятӣ бо моддаи 104 қисми 1 Кодекси ҷиноятии Чумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, тафтишот идома дорад.

Ин нахустин ҳолати куштори ҳамсар дар пайи рашк набуда, ВУД қаблан борҳо аз рухдоди чунин ҳаводис хабар дода буд.

 

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД