Сергей Миронов, вакили Думаи давлатии Русия ва раиси Ҳизби “Русияи одил - барои ҳақиқат” пешниҳод кардааст, ки додани шаҳрвандии Русия ба зодагони Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон то соли 2026 манъ карда шавад.
Ӯ дар телеграм-канали худ аз афзоиши теъдоди шаҳрвандони Русия ва сарфи маблағҳои буҷа барои онҳо аз ҳисоби муҳоҷирон нигаронӣ карда, пурсидааст, ки аз ин Русия чӣ фоида мегирад?
Ӯ таъкид кардааст, ки додани шиносномаи Русия ба муҳоҷирони корӣ танҳо барои як гурӯҳ аз мансабдорон ва қаллобон, ки аз ин кор пул ба даст меоранд, манфиат дорад.
“Давлат бояд ба ин мафия муқобилият кунад ва манфиатҳои худро дар соҳаи амнияти миллӣ ҳифз намояд, аз ҷумла, тавассути мораторий ба додани шаҳрвандии Русия ба сокинони кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳадди ақал то соли 2026. Дар ин муддат мумкин аст қонунгузориро танзим карда, хадамоти муҳоҷиратро ислоҳ намоем, онро аз ришвагирон пок созем ва инчунин, қонунияти шиносномаҳои пештар додашударо санҷем”,- гуфтааст Миронов.
Ба таъкиди вакили рус, ҳизби зери роҳбарии ӯ соли 2022 чунин пешниҳодро карда буд, вале он вақт аз ҷониби ҳукумат ва Дума дастгирӣ наёфт.
Маълум нест, ки ин пешниҳоди Миронов расман ба Думаи давлатии Русия ирсол шудааст ё не.
Бояд гуфт, ки Миронов дар мавриди муҳоҷирони корӣ ҳамеша пешниҳодҳои баҳсбарангез мекунад. Аз ҷумла, пештар вай пешниҳод карда буд, ки Русия барои кишварҳои Осиёи Марказӣ раводид ҷорӣ кунад.
Бояд гуфт, феълан шумораи зодагони Осиёи Марказӣ, ки шиносномаи шаҳрвандии Русияро дарёфт кардаанд, зиёданд, аз ҷумла аз ҳисоби тоҷикон. Тибқи иттилои ВКД Русия, танҳо дар 6 моҳи соли 2023 ҳудуди 87 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон шиносномаи русӣ дарёфт кардаанд.