Ман чанд сол боз миомаи бачадон дорам. Аз сабаби дард ва хунравӣ надоштанаш ба он чандон эътибор намедодам, вале чанд рӯз пеш ҳамсоязан “миомаро табобат накунӣ, ба саратон мепечидааст” гуфту ба дилам алав афтид, ки мабодо ба ин дарди бедаво гирифтор шавам, ҳоли фарзандонам чӣ мешуда бошад. Магар миома дар ҳақиқат ба саратон мепечад?
ОМИНА, сокини ш. Хуҷанд
Посух:
- Варамҳои саратонӣ ба ду гурӯҳ ҷудо мешаванд, яке хушфаъол ва дигаре бадфаъол. Хусусияти саратони хушфаъол дар он аст, ки ба узвҳои дигар намегузарад, имкони муолиҷааш вуҷуд дорад ва барои бемор хатари ҷониро ба бор намеорад. Аммо набояд нисбати ин навъи саратон бепарвоӣ зоҳир намуд, зеро дар сурати сари вақт табобат накардан саратони хушфаъол метавонад ба саратони бадфаъол табдил ёбад.
Полип, миома, фибромиома, аденома, мастопатия аз зумраи саратонҳои хушфаъол ба шумор мераванд, вале ба сурати кул навъи саратонро танҳо озмоишҳои гистологӣ муайян карда метавонанд. Мустақилона даво тайёр карда нӯшиданро тавсия намедиҳем, зеро ин беморӣ табобати ҷиддии касбиро тақозо мекунад. Метавонед ба назди духтури занона равед ё ба табиби саратоншинос муроҷиат намоед. Бори дигар такрор мекунем, ки миома бемории табобатшаванда аст. Ба ҷони шумо ягон хатар таҳдид намекунад. Дар сурати ҷиддӣ табобат намудан албатта шифо меёбед.