Дар садамаи маргбори чархбол дар Аляска сарватмандтарин шахси Ҷумҳурии Чех, соҳибкори маъруф Петр Келлнер ба ҳалокат расид. Келлнер соҳиби бонки “Ҳоум Кредит” буд, ки дар Русия фаъолият мекунад.
Маҷаллаи Forbes сармояи Петр Келлнерро 17,5 миллиард доллар арзёбь намуда, пештар шабакаи мағозаҳои машҳури фурӯши техникаи маишии “Элдорадо” ба ин соҳибкори муваффақ тааллуқ дошт.
Петр Келлнер бо чархбол шахсиаш Airbus AS350 B3 парвоз намуда, дар Аляска бо марг рӯ ба рӯ гашт. Панҷ нафар ҳамроҳони миллиардер низ дар натиҷаи суқути чархбол ҷони худро ба ҷонофарин супурданд. Ҷасади қурбониёни ин садамаро дар наздикии пиряхи Кник пайдо кардаанд. Сабаби суқути чархбол маълум нест.
Петр Келлнери 56 сола, хатмкардаи Донишгоҳи иқтисодии Прага буда, солҳои 1990 муддате дар соҳаи синамо кор кардаву ҳатто дар филми “Замони хидматгорон” нақш ҳам офаридааст. Баъдан ӯ ба Русия омада, бо соҳибкорӣ машғул гашт ва дар ин ҷода муваффақ шуда, ба яке аз сарватмандтарин мардони Аврупо табдил ёфт. Петр Келлнер бо миллиардери рус Роман Абрамович дӯсти дошт ва соли 2018 расонаҳои хабарии олам навишта буданд, ки маҳз Келлнер харидори клуби футболи Абрамович мебошад.