Тамоми микроавтобусҳо аз кӯчаҳои шаҳри Душанбе барчинда мешаванд, чунин гуфт, Амирхон Қурбонзода, муовини раиси шаҳр.
Дар хабаре, ки расонаҳо гуфтаанд, аз кӯчаҳои марказии Душанбе микроавтобусҳоро бардошта мешавад.
Дар ин бора гуфтааст, ки ин қарор ба навбат ба тамоми шаҳр дахл хоҳад дошт, чун кори ин намуд нақлиёт на ҳамеша ба талаботи хизматрасонии мусофирон ҷавобгӯ аст, овардааст, “Спутник тҷ”.
"Мо ҳама орзу мекунем, ки набераҳои мо дар Душанбе ба метро савор хоҳанд шуд, аммо ҳоло корро аз микроавтобусҳо сар мекунем", - изҳор дошт Қурбонзода.
Феълан, маршруткаҳоро аз кӯчаи марказии Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ барчидаанд. Дар нуқтаҳои дигари шаҳр феълан онҳо хизмат мерасонанд.
Қурбонзода таъкид кард, ки пас аз васеъ кардани ҳудуди шаҳр ба 7,6 ҳазор гектар мушкилии нав дар соҳаи нақлиёти ҷамъиятӣ ба миён омад.