Sebiston new 2024 october
Михаил Горбачёв аз бемории гурда мурд ё аз коронавирус?
694


Аввалин президент ва охирин роҳбари Иттиҳоди Шӯравӣ, сиёсатмадоре, ки давлати абарқудрати СССР-ро бо хоки сиёҳ яксон кард,шаби гузашта дар сини 91-солагӣ дар Маскав аз олам даргузашт.


Расонаҳои русӣ дар такя ба гуфтаҳои намояндагони Беморхонаи марказии шаҳри Маскав дар ин бора хабар дода, навиштанд, ки Михаил Горбачёв "пас аз бемории вазнин даргузашт".
Иддае аз расонаҳои Руссия марги Михаил Горбачевро ба бемории коронавирус нисбат дода, мегӯянд ковид ба гиребони ин сиёсатмадор сахт чангол зада, дигар раҳояш накард ва табибон натавонистанд ҷони ӯро аз панҷаи марг наҷот бубахшанд, аммо бархи дигар бемории гурдаро сабаби асосии марги горбаёев медонанд.

Михаил Горбачёв солҳои 1985 -1991 дар сари қудрат буд ва ба таври худ гӯё робитаҳои СССР-ро бо ИМА ба роҳ монданӣ шуда, билохира боиси пош хӯрдани як давлати бузург гашт.
Барои сокинони собиқ СССР пошхӯрии ин давлати абарқудрат паёмадҳои ногувори зиёде дошта, боиси сар задани ҷангҳои дохилӣ қариб дар тамоми ҷумҳуриҳое гашт, ки пештар ба ҳайъати Иттиҳоди шӯравӣ дохил мешуданд ва фалокату хунрезиву харобиҳои зиёдеро ба бор овард, ки ин ҳама бо “шарофати” Михаил Сергеевич Горбачев буд, аммо қазовати ин ҳамаро акнун ба таърих месупорем...

Тавре расонаҳо навиштаанд, Горбачёв солҳои охир саломатиашро аз даст дода, чанд дафъа дар бемористон бистарӣ шуд ва ҳангоми пандемияи КОВИД-19 худро карантин кард, вале фирр кардан аз панҷаи тавонои марг ба марде, ки як давлати бузургро шикаст дода буд, муяссар нагашт.
Ёдрас мешавем, ки Михаил Горбачёв 2-юми марти соли 1931 дар деҳаи Приволнои минтақаи Ставропол таваллуд шуда, хатмкардаи риштаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии шаҳри Маскав буд. Фаъолияти сиёсиашро ӯ ҳанӯз баъди хатми донишгоҳ сар карда, дар мақомҳои гуногуни Ҳизби коммунист кор кардааст. Михаил Горбачёв соли 1956 котиби якуми Ҳизби комунисти шаҳри Ставропол ва соли 1970 вакили Шӯрои олии Иттиҳоди Шӯравӣ ё КПСС интихоб шуд. Баъди даҳ сол вай ба узвияти Бюрои сиёсии КПСС ворид шуда, соли 1985 дар синни 54-солагӣ Михаил Сергеевич орбачев роҳбари СССР интихоб шуд.

Соли 1990 Михаил Горбачёв барандаи Ҷоизаи сулҳи Нобел гашта, моҳи декабри соли 1991, баъди суқути Иттиҳоди Шӯравӣ аз мақоми президенти СССР барканор гашт.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД