Михаил Галустян, ҳаҷвнигори Русия, ки дар Тоҷикистон ӯро бештар бо нақши “Равшан”-аш дар мавриди муҳоҷирони корӣ мешиносанд, ба шаҳри Душанбе даъват шудааст.
Галустян субҳи имрӯз вориди шаҳри Душанбе шуд. Ӯро дар фурудгоҳ бо нону намак пешвоз гирифтанд ва худи ӯ дар суҳбати кӯтоҳ гуфт, ки ин аввалин сафараш ба Тоҷикистон мебошад.
Нақши Михаил Галустян дар силсиланамоиши ҳаҷвии “Наша Раша” дар соли 2010 эътирози фаъолони тоҷикро ба бор оварда буд. Дар ин мазҳакаи телевизионӣ ду муҳоҷири корӣ бо номҳои "Равшан" ва "Ҷамшуд" тасвир ёфтаанд, ки нодону бесавод буда, қоидаҳои одитарини зиндагиро намедонанд.
Ин мазҳакаи телевизиониро фаъолони муҳоҷирон таҳқири тоҷикон номида буданд.
Назари худи ҳунарманд ва ширкате, ки ӯро даъват кардааст, маълум нест.
Михаил Галустян 46 сол дорад ва дар тарҳи телевизионии “Наша Раша” нақши “Равшан”-ро бозӣ кардааст.