goodwell
Мигрен Сабабҳои пайдоиш ва нишонаҳои беморӣ  
42

Мигрен
Сабабҳои пайдоиш ва нишонаҳои беморӣ  
 
Мигрен-шояд бисёриҳо номи ин бемориро шунида бошанд, вале то кадом андоза ҷонкоҳ будани сардарди мигрениро танҳо шахсе дарк карда метавонад, ки ба мигренро аз сар гузаронидааст.
Маъмулан дар поёни фасли тирамоҳ ва омад-омади зимистон бо сабаби тағйирёбии боду ҳаво ранҷу азоби гирифторони бемории мигрен бештар мешавад. Аз ҳамин хотир, бо мақсади кӯмак ба ин тоифа мо имрӯз дар бораи сабабҳои пайдоиш ва роҳҳои пешгирию табобати мигрен каме маълумот медиҳем.
 
Сардарде, ки дар ҳавои сард авҷ мегирад
Мигрен як намуди дарди сар мебошад, ки дар натиҷаи тағирёбии ҳарорат, фишори атмосферӣ ва гармии хона дар моҳҳои нисбатан сардтари сол бештар авҷ мегирад. Стресс ва асабонияти зиёд низ метавонад боиси шиддат гирифтани сардарди мигренӣ бигардад. Омили дигари беморӣ коҳиши таъсири нурҳои офтоб ба сатҳи серотонин аст.
Нишонаҳои мигрен
Нишонаҳои асосии мигрен дилбеҳузурӣ, ҳассосият ба рӯшноию садо ва дарди ҷонкоҳи сар мебошад.
 
Сабабҳои авҷ гирифтани беморӣ
Омилҳои зиёде ҳастанд, ки боиси якбора авҷ гирифтани сардарди мигренӣ гарданд, вале сабабҳои асосиаш инҳоянд:
Ҳавои хунук
Якбора паст шудани ҳарорати ҳаво боиси тангшавии рагҳои хунгард мегардад. Дар натиҷа хун дар майнаи сар хуб гардиш намекунад ва албатта ин метавонад боиси ташаннуҷ ва мигрен гардад.
Камфаъолиятӣ
Аксари одамон дар мавсими сармо танбал шуда, хеле кам ба кӯча мебароянд. Камфаъолиятӣ боиси хуруҷи мигрен гашта метавонад.
Ҳавои хушки утоқи хоб
Асбобҳои гуногуни барқие, ки ба хотири гарм кардани хона ва утоқҳои корӣ дар айёми сардӣ истифода мебарем, ҳавои хонаро хушк месозанд. Ҳавои хушк боиси деградатсия мегардад, ки сабаби маъмултарини мигрен ва дарди сар мебошад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД