Formula novemver 2024
Миёни духтару писар дӯстӣ буда метавонад?
932

Аксари мардон гила мекунанд, ки ҳамсарашон соатҳо бо дугонаҳояшон дар телефон гуфтугӯ мекунанд. Вале занон дар ин суҳбатҳои тӯлонӣ дарди дили якдигарро гӯш мекунанд.

Мардон бештар ба фаъолияти муштарак диққат медиҳанд. Онҳо дар аксари маворид дар ҷустуҷӯи ҳалли мушкилот мешавад.

Дар муомила бо занон, мардон даррав ҳалли мушкилотро пешниҳод мекунанд, вале барои зан муҳимтараш то охир арз кардан аст. Мард бояд дар ин лаҳза на роҳи ҳалли мушкилотро пешниҳод созад, балки бо суханҳои "албатта ман мефаҳмам, ин барои ту бисёр душвор аст" ӯро ором кунаду сипас, пардозанд ба маслиҳат. Аз ин рӯ, миёни зану мард дар бештари нофаҳмиҳо сар мезанад.

Вале ба қавли равоншиносон, ҳастанд дар байни бонувон гурӯҳи заноне, ки мисли мардон дӯстӣ мекунанд, яъне онҳоро ягон фаъолияте бо дӯстонашон мепайвандаду халос, вале чунин занон дар дунё каманд. Баръакс ҳастанд мардоне, ки аз ҳад зиёд ба ҳиссиёт дода мешаванд ва онҳо метавонанд мисли занон барои бонувон дӯсти хубе шаванд.

Ба гуфти равоншиносон, ҳиссиёти баланди занон дар аксарияти маврид боиси канда шудани дӯстиашон мешавад, зеро пас аз дӯстии тӯлонии занон байни онҳо ҳасад пайдо мешавад ва ин дӯстиро решакан мекунад.

Равоншиносон мегӯянд, ки дӯстӣ байни зану мард танҳо дар сурате вуҷуд дошта метавонад, ки агар байни онҳо ягон алоқаи наздик ва ҳиссиёти шаҳвонӣ вуҷуд надошта бошад.

"Ҳастанд мардоне, ки бо занон дӯст мешаванд, вале ҳиссиёташонро намоиш намедиҳанд, то ӯро аз даст надиҳанд. Ва баръакс ҳастанд заноне, ки бо марде дӯстӣ доранду барои аз даст надодани дӯстиашон ба ӯ изҳори муҳаббат намекунанд",- мегӯянд равоншиносон ва илова мекунанд, ки дар бештари маврид дӯстии зану мард бо хонадоршавии онҳо анҷом меёбад.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД