Sebiston new 2024 october
Метавонам зани дуюм шавам?
1119


Ман аз ҳамсарам фарзанд дорам. Бо сабабҳои дахолати пайвандон расман ҷудо шудем.

Як мард, ки 15 сол боз аз занаш кӯдакдор нашудааст, мехоҳад бо ман оиладор шавад, вале онҳо зиндагии якҷоя доранд. Агар мо бо розигии ҳамдигар оила бунёд кунем, он зан ҳуқуқи дахолат кардан дорад?

Г. Л

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бисёрникоҳӣ манъ аст. Ин бевосита дар Конститутсияи ҶТ дарҷ гардидааст. Пешбурди хоҷагидории умумӣ бо ду ва ё зиёда зан барои мардҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ дорад. Агар он мард бо оилаи аввалааш зиндагиро қатъ карда бошад, пас мушкилие пеш намеояд. Аммо агар онҳо зиндагии якҷоя дошта бошанд, пас ҳамсари ин мард ҳуқуқ дорад нисбати шавҳараш бо ариза ба маќомоти прокуратура оиди дузанагӣ муроҷиат намояд.

Тибқи талаботи моддаи 170-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дузанагӣ ё серзанагӣ, яъне бо ду ё якчанд зан зиндагонӣ кардан бо пешбарии хоҷагии умумӣ ҷавобгарии ҷиноятӣ пешбинӣ шудааст.

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД