Ман Сабоҳат, зодаи Душанбешаҳр. Хона надорем, чанд сол боз дар хонаи холаам зиндагӣ карда истодаем. Аз ғур-ғури хола ба дод омада бошем ҳам, ночор лаб зери дандон гирифта тоқат мекунем, чунки дигар ҷойи рафтан надорем.
Бечора модарам шабу рӯз гиря мекунад, ки то ба кай мо қавми лӯлӣ барин дар ба дару хок ба сар мегардем. Бечора бародарҳоям як бурда нонро базӯр меёбанд. Бародари дуюмам тариқи телефон бо духтараки хуҷандие гап мезанад. Онҳо то ҳол якдигарро надидаанд, вале духтар ваъдаҳои болохонадор дода, гуфтааст, ки вай дар шаҳр хона дорад, агар ӯро ба занӣ бигирад, метавонад ҳамроҳи тамоми аҳли оилааш, яъне мо ба хонаи ӯ кӯчад. Бародарам аз мо маслиҳат пурсид. Барои то кадом андоза рост будани суханашро санҷидан бо духтар телефонӣ суҳбат намудем. Духтарак суханҳои ба бародарам гуфтаашро дубора такрор кард. Ҳайронем, ки чӣ кор кунем. Духтарак ҷиддӣ гап мезанад, вале дар ин замона ба гапи касе бовар кардан бисёр душвор аст. Ростӣ, аз таънаю маломати холаам, ки ҳар рӯз «бору буғчаатонро гирифта равед» мегўяд, ба ҷон расидаем ва бисёр мехоҳем ҷонамонро аз ин ғурбатхона халос кунем, вале боз метарсем, ки мабодо фардо он духтараки хуҷандӣ ҳам, аз мо безор шуда аз дар берунамон созад, баъд ба куҷо меравем.
Маслиҳатгари дигаре надорем, барои ҳамин ба «Оила» муроҷиат намудем, ки аз хонандагони зиракаш маслиҳат бипурсем.