Лионел Месси боз як саҳифаи навро дар таърихи футболи ҷаҳонӣ боз кард. Ҳамлагари аргентинӣ бо «Интер Майами» Ҷоми Campeones Cup-ро ба даст оварда, шумораи ҷоизаҳои касбии худро ба 49 расонд.
«Интер Майами» дар финали Campeones Cup «Крус Асул»-и Мексикаро бо ҳисоби 2:0 мағлуб кард ва бори аввал дар таърихи клуб соҳиби ин ҷом шуд. Месси дар дақиқаи 24-ум голи аввалро ба самар расонд. Ин гол барои ӯ 100-умин гол дар ҳайати «Интер Майами» буд. Дар дақиқаи 81-ум бошад, аз зарбаи кунҷии ӯ Каземиро голи дуюмро зад. Месси ин 100 голро дар 115 бозӣ барои «Интер Майами» ба қайд гирифтааст. Бо ин муваффақият «Интер Майами» пас аз омадани Месси ба клуб соли 2023 дар чор мавсими пайдарпай соҳиби ҷоиза шуд: Leagues Cup (2023), Supporters’ Shield (2024), MLS Cup (2025) ва Campeones Cup (2026).
Ҳамин тариқ, Месси шумораи ҷоизаҳои касбии худро ба 49 расонда, рекорди ҷаҳонии худро боз ҳам беҳтар кард.