sebiston july new
Меҳри хоҳар қисми 3
1622

 

Ин хабарро шунида чӣ хел то хонаи додарам расиданамро намедонам. Зани нохалафи боре додари девонаашро набастааш акнун додари маро мисли саг ба дарахт занҷирбанд карда буд.

Беинсоф ҳатто либосҳои пур аз хуну чиркинашро иваз ва сару рӯи хуншору бадани ҷароҳатнокашро марҳам набастааст. Аҳволи додарамро дида бо дидаи гирёну қалби хуншор сару танашро шустам ва ба захмҳош дорӯ молидаму дар хона ҷогаҳашро андохта,шикамашро сер карда хобондам ва як ҳафта нигаҳбониаш кардам.

Тӯли як ҳафта додарам на ҳарфи беҷое гуфту на ҳаракату рафтори нодурусте кард. Фақат хомӯшона мегиристу сухане намегуфт. Эҳтимол аз тарс гунг шуда буд. На ташнагиашро медонисту на гуруснагиашро.

Луқмае диҳию хӯроке наздаш гузошта, ишораи хӯрдан намоӣ, пас ба он даст мебурду мехӯрд. Хулоса, додарам ба як девонаи беозор табдил ёфта буд.

Дар давоми як ҳафта боре надидам, ки занаш ба ӯ наздик шуда, чою хӯроке дода бошад. Вақте аз ӯ эҳтироми шавҳарашро талаб кардам, бе ҳеҷ шарму хиҷолат «Ман додарамро ба зимма гирифтам, агар ту ҳам додаратро дӯст дорӣ, ба хонаат бурда, парасторӣ кун!» гуфта, баромада рафт.

Рафтори бераҳмонаю сангдилии келин ва дилхунии маро дида шавҳарам «занак, агар додаратро ба хона ва ё беморхона набарем, аниқ келинатон ӯро бо ягон роҳ ба ҳалокат мерасонад» гӯен, як утоқи хонаамонро омода кард, вале рӯзи дигар барои оварданаш рафта, ӯро дар хона наёфтем.

-Шаб додаратон аз хона гурехтаасту мо бехабар мондем, -ин буд ҷавоби келин.

Ман дар суроғи додар ба куҷоҳое нарафтам, касе агар дар куҷое як девонаро дидааст, ҳатман ба он ҷо медавидам.

Кори Худою рафтори баъзе бандаҳояшро бинед, ки ман инак, се сол боз додар мекофтаму келин дар хонаву ҳавлиамон рӯзе падару модари моро нигоҳубин накарда, падару модар ва додари девонаашро оварда, парасторӣ менамояд.

Имрӯз аз ноҳияи Истаравшан мисли мотамдорон гирёну нолон баромада, аз Худои меҳрубон илтиҷо кардам, ки ақаллан хабари мурдаашро шунида, ҷои дафнашро бинаму таскин ёбам, ором шавам.

Садқаи номи бузургаш шавам, ки Худо оҳи маро шуниду ба додам расид ва додарамро зинда ба ман баргардонид.

   Зан гирён нақлашро ба охир расонида, сару рӯи додарашро силакунон мебӯсид. Мо мусофиронро дигар бӯи бад дилгир намекард ва ҳама бо меҳрубонию тараҳҳум ба зану додараш менигаристем.

                                                                        

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД