Меҳмон атои худост мегӯянд, вале як ҷавони кӯрнамак дар хонаи сокини шаҳри Душанбе меҳмон шуда, соҳибхонаро кордборон намудааст.
Вазорати корҳои дохилии кишвар аз боздошти як ҷавони 17-солаи зодаи шаҳри Ҳисор бо гумони қасдан расонидани зарари вазнан ба саломатии шахси дигар хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, ин ҷавон рӯзи 9-уми июли соли равон дар хонаи сокини 21-солаи шаҳри Душанбе меҳмон шуда, соатҳои 7-и субҳ бе ягон сабаб соҳибхонаро зери мушту лагад гирифтааст ва ба ин ҳам қонеъ нашуда, чанд корд задааст.
Кормандони милитсия меҳмони муштзӯрро бо иттиҳоми қасди куштор боздошт намудаанд. Тафтиши қазия идома дорад.