Шабнам аз хурдӣ дар мактаб бо баҳои аъло мехонд ва соли гузашта мақсад гузошт, ки мактабро бо медали тилло хатм кунад. Хушбахтона, имсол ин орзуи ӯ амали шуду Шабнам Мусофиршоева, духтари тоҷики муқими Русия, мактаби миёнаи рақами 2 - и шаҳри Жуковскии Маскавро бо баҳои аъло ва медали тилло хатм кард.
Бино ба нақли бахши тоҷикии хабаргузории “Спутник” хонаводаи Мусофиршоевҳо соли 2012 аз Душанбе ба Москав кӯчиданд. Падари ин духтар Нодалеб ва модараш Гулсият ҳарду соҳиби маълумоти олӣ буда, дар Донишкадаи давлатии заминсозии Душанбе кор мекарданд. Нодалеб мегӯяд зиндагиашон дар пойтахти Тоҷикистон хуб буд, вале онҳо манзили шахсӣ надоштанд ва музди меҳнаташон танҳо барои рӯзгузаронӣ мерасиду халос. Онҳо ба хотири харидани хонаи истиқоматӣ ба Москав кӯчиданд.
Аввал хонаводаашон хостанд, ки Шабнамро дар назди хешовандонаш гузошта раванд, вале меҳру муҳаббат нисбат ба фарзанд нагузошт, ки волидон духтарашонро тарк кунанд. "Мо дарк мекардем, ки албатта дар Москав бо касби худ кор нахоҳем кард, вале ин танҳо роҳе буд, ки мо метавонистем соҳиби хонаи худӣ шавем. Мо ҳамин як духтар - Шабнамро дорем, чун дар бораи мушкилҳиои муҳоҷират ва махсусан ба мактаб додани кӯдакон дар Москав бисёр шунида будем, ҳангоми кӯчидан масъалаи гирифтан ё нагирифтани ӯ бархост. Ростӣ диламон нашуд, ки ӯро ҳамроҳи касе монем", - нақл кард падари духтар ба "Спутник".
Он замон Шабнам синфи серо хатм кардаву ба синфи 4 қадам мегузошт. Вақте хонавода ба Маскав кӯчиданд, даррав ба чанд мактаб муроҷиат карданд, вале бо сабабҳои пур будан духтаракро қабул накарданд. Онҳо талошро барои соҳибмаълумот кардани фарзандашон идома доданд ва дар охир муваффақ шуданд. Маъмулан хонандагоне, ки аз Тоҷикистон ба Москав меоянд, як сол поёнтар қабул мешаванд, вале Шабнамро ҳатто бе имтиҳон ба мактаб гирифтанд.
"Рӯзи 30 август буд. Мо ба мактабе дар ноҳияи Коломинский рафтем ва он ҷо бе ягон чуну чаро ҳуҷҷатҳои Шабнамро қабул карданд. Ростӣ баҳоҳои духтарам он вақт ҳам аъло буд ва аз ӯ ҳатто имтиҳон ҳам нагирифтанд", - идома дод падраш.
Ба гуфти “Спутник” замоне, ки ханаводаи Мусофиршоевҳо дар Душанбе зиндпагӣ мекарданд, чанд насли донишҷӯёнро аз ҳисоби хешу ақрабо, ки аз ноҳияҳои дурдасти ВМКБ барои таҳсил ба пойтахт меомаданд, саробонӣ мекарданд. Ҳамин буд, ки некиашон боз ба онҳо бозгашту дар Москав оилаи онҳо ба мушкилие рӯ ба рӯ нашуд.
"Вақте, мо ба Маскав кӯчидем, яке аз он донишҷӯёне, ки ҳамроҳам дар Душанбе зиндагӣ мекард, ба мо хеле кӯмак кард. Солҳои аввал духтарамонро ба мактаб мебурду мегирифт. Умуман, инсон агар некӣ кунад, бетардид кӯмакаш ба ӯ бозмегардад", - бо ифтихор мегӯяд Нодалеб.
Солҳои аввал падар ва модари хонавода дар соҳаҳои хизматрасонӣ кор мекарданд. Чанд соли охир бо кӯмаки дониши худ Нодалеб дар заводе ба кор даромад ва ба зинаҳои баланди корӣ низ расид, то замоне, ки Москав низ ба вируси COVID - 19 дучор шуд ва ӯ бекор монд.
Айни замон Шабнам ва падараш ҳуҷҷатҳояшонро барои гирифтани шаҳрвандии Русия супоридаанд. Падари ин духтар мегӯяд, ки ин ҳуҷҷатро на ба хотири худ, балки барои осонтар шудани зиндагӣ маҳз барои духтараш дар Москав супоридааст. Волидони духтар мехоҳанд ҳатман боз ба Тоҷикистон бозгашта, дар ин ҷо зиндагӣ кунанд.
Шабнам аз се солагӣ дар яке аз боғчаҳои русии шаҳри Душанбе тарбия мегирифт ва ҳамин забондониаш барои тезтар дӯст шудан бо ҳамсинфони нав дар Москав ба ӯ хеле кумак кард. "Модари Шабнам иқтисодчӣ ҳаст ва ӯ ба таълиму тарбияи духтарамон аз кӯдакӣ диққат медод. Ростӣ, дар Москав Шабнам бо ягон мушкилӣ рӯ ба рӯ нашуд. Боре ҳам ӯ шикоят намекард, ки ҳамсинфонаш ӯро таҳқир карда бошанд ё чизи дигар. Ҳатто пас аз ду моҳи таҳсилаш дар мактаби Москав роҳбари синфаш ба мо гуфта буд, ки ӯ хеле зуд бо ҳамсинфонаш унс гирифт ва аз онҳо пеш ҳам гузашт. Дар ҳамаи маҷлисҳои волидон омӯзгорони Шабнам ӯро тавсиф мекарданд ва ягон бор шикояте накардаанд", - мегӯяд падараш.
Тобистони имсол Шабнам Мусофиршоева мактаби рақами 2-и шаҳри Жуковскии Маскавро бо баҳои аъло ва медали тилло хатм кард. Айни ҳол, ӯ барои супоридани имтиҳони умумирусиягӣ барои хатмкунандагон омодагӣ мебинад. Дар ин росто медали тилло барои дохил шудан ба мактаби олӣ ба Шабнам кӯмак хоҳад кард. Ӯ мехоҳад ҳуҷҷатҳояшро ба ягон донишгоҳи бонуфузи Москав супорад ва дар риштаи реклама ва PR соҳибкасб шавад.
"Ман аз хурдӣ бо баҳои аъло мехондам. Вақте синфи 10 будам, мақсад гузоштам, ки мактабро бо медали тилло хатм кунам ва чунин ҳам кардам. Медал барои дохилшавӣ ба мактаби олӣ кумак мекунад - чанд бали иловагӣ ба ЕГЭ зам мешавад. Медалро бароямон дар маросими махсусе, ки ба хотири хатмкунандагони аълочӣ баргузор мешавад, хоҳанд супорид. То ҳол рӯзи маросим дар пайи коронавирус аниқ нашудааст. Ман мехоҳам ихтисоси реклама ва PR (робитаҳои иҷтимоӣ) - ро пеша кунам", - гуфт Шабнам дар суҳбат бо “Спутник”.
Мусофиршоева Шабнам 25 сентябри соли 2002 дар шаҳри Душанбе ба дунё омадааст. Аз соли 2004 то соли 2009 дар боғча тарбия гирифтааст. Аз соли 2009 то соли 2012 дар бахши русии мактаби рақами 78 шаҳри Душанбе таҳсил кардааст. Соли 2012 ҳамроҳи хонаводааш ба Маскав кӯчида, соли 2020 мактаби рақами 2-и шаҳри Жуковскии Маскавро бо баҳои аъло ва медали тилло хатм кардааст.
Шабнам орзу дорад дар оянда шахси сарватманд шавад ва ба бечорагону бенавоён кумак кунад.