arzon replenishment
Меъдаро чӣ тавр мешӯянд?
13.08.2023
ОИЛА
1443

Бемор ба заҳролудшавии шадид гирифтор шуда, тез-тез қай кунад ва шикамаш равад, пеш аз ҳама меъдаашро шустан лозим аст.

Барои шустани меъда дар шароити хона тахминан 5-10 литр оби ширгарми ҷӯшонидашуда, намак, сода ва ё маргансовка лозим мешавад. Беморро сарпоён хобонда, оби ҷӯшонидашудаи ширгарми намаки ошӣ, сода ва ё маргансовка (камранг бошад) доштаро ба ӯ нӯшондан мегиред ва маҷбур месозед, ки қай кунад. Ҳар боре, ки мариз қай мекунад, меъдааш аз токсинаҳо тоза шудан мегирад. Амалиётро то лаҳзаи хориҷ шудани оби тоза аз меъда давом додан лозим аст.

Дар хотир дошта бошед!

Гузаронидани амалиёти шустани меъда ба шахсоне, ки мушкили вайроншавии гардиши хун, захми меъда ё хунравӣ аз меъдаю рӯда доранд ва ё сактаи қалбӣ ва дигар мушкилоти ҷиддии дилро аз сар гузаронидаанд, қатъиян манъ аст!

Дар ҳолати бе ҳуш будани мариз ва хуруҷи табларза низ ин амалиётро гузаронида мумкин нест!

Поделиться новостью
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД
Шарҳ
(0)
ҲАНУЗ ШАРҲ НЕСТ
НОМАТОНРО НАВИСЕД
ШАРҲАТОНРО ГУЗОРЕД